Зеҳн
Забони адабии ҳозираи тоҷик (Қисми 1)

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши лексикология, фонетика ва морфологияи забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 457 саҳифа

ТаҳсилотМаориф
Аз аввал хондан

в) аз ибораҳои пешояндӣ: азнавбавучудоварии, азнавбарпокунӣ, азнавбарқароркунӣ, азнавдидабароӣ, азҳамчудокунӣ, азнавимтиҳонкунӣ, азнавтарбиякунӣ, азнавташкилдиҳӣ, азнавтаксимкунӣ ва ғайра.

Таркибёбии исмҳои мазкур дар қолаби исмҳои мураккабе воқеъ шудааст, ки аз пешоянду ҳиссаи номии нутқ ва асоси замони ҳозираи феъл иборатанд: азмиёнравӣ, азнавдӯзӣ, азкорбароӣ, азкормонӣ, азназаргузароӣ ва ғайра.

  1. Исмҳои сеҷузъа шахс, предмет ва ҷонваронро низ мефаҳмонанд, ки онҳо ҳам аз ибораҳо ва ҳиссаҳои гуногуни нутқ бевосита ва ё бавосита таркиб меёбанд:

а) Насруллобой ном як шашмақомхони шастсола буд (С. Айнӣ, Куллиёт). Рӯзи дуюм саллаи муллобачагиро партофта ва ба қиёфаи мардикорбачагон даромада ба Регистони Бухоро... рафтам (С. Айнӣ, Куллиёт). Ясавулони дарбор мувофиқи фармоиши амир намадисиёҳпӯшонро ... ҷой доданд (С. Айнӣ, Куллиёт).

б) Исмҳои ифодакунандаи предмету ҷонварон асосан бо суффикси -ак таркиб меёбанд: хаткӯркунак, қаҳваордкунак, лабсурхкунак, кӯршабпарак:

Фақат кӯршабпаракҳо аз вай мегурезанд, чунки тоби рӯшноӣ надоранд (А. Деҳотӣ, Куллиёт). Фақат баъди ҳамин вай ба Леднев чизҳои ёфтаи худ — қапчуқи занона, ойнача, сафедидон, лабсурхкунак ва мактуберо дароз кард («Садои Шарқ»).

Ин гуна исмҳо инчунин аз ҷузъҳое таркиб меёбанд, ки дуи аввал ба ҳам дар муносибати пайвастӣ буда, ба ҷузъи сеюм, ки одатан бо асоси замони ҳозираи феъл ифода меёбад, бевосита ва ё бавосита тобеъ мешаванд: дастрӯймол, дастурӯшӯяк.

  1. Исмҳои макон аз се ҷузъ иборат бошанд ҳам, дар ин ҷо бештар ҷузъи асосӣ хона буда, дар охир меояд ва ду ҷузъи аввал, ки якумӣ одатан исм буда, дуюмӣ асоси замони ҳозираи феъл мебошад, ҳамчун исми мураккаби ифодакунандаи шахс аз рӯи касбу кор ва машғулият воқеъ мегарданд: ҷомашӯйхона, сартарошхона, аробакашхона, шиннипазхона, амлокдорхона, қиморбозхона:

Ба болои ин аробакашони аробакашхонаи Файзобод дар ҷасорат, дар таппончабардорӣ, дар озодагардӣ ва ҷангарагӣ шӯҳрат доштанд (С. Айнӣ, Куллиёт). Дар кирокашхона яке аз харкорон дар миёнаҳои роҳ истода маро пешвоз гирифт (С. Айнӣ, Куллиёт). ... ман ӯро ду сол пеш аз он мулоқот дар деҳаи Регзор, дар шиннипазхона дида будам (С. Айнӣ, Куллиёт).

Исмҳои пахтахушккунак, мевахушккунак, ки аз се ҷузъ иборат мебошанд, ба воситаи суффикси -ак таркиб ёфтаанд.

пешина
аз 457
навбатӣ