Зеҳн
Забони адабии ҳозираи тоҷик (Қисми 1)

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши лексикология, фонетика ва морфологияи забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 457 саҳифа

МаорифТаҳсилот
Аз аввал хондан

ИХТИСОРАҲО

Ихтисораҳо дар забони адабии тоҷик бо таъсири забони русӣ ба вуҷуд омадаанд ва ба ду гурӯҳ ҷудо мешаванд:

  1. ихтисораҳои забони русӣ бе ҳеҷ гуна тағйирот истифода мешаванд: совхоз, колхоз, комсомол, СССР, ВКП(б), МТС, ТАСС, ДОСААФ;

  2. ихтисораҳои забони тоҷикӣ, ки ба тақлиди ихтисораҳои забони русӣ сохта шудаанд, ба таври зер ихтисор карда мешаванд:

а) аз ҳар калимаи ибора танҳо ҳарфи аввал гирифта мешавад.

Ин усули калимасозӣ сермаҳсул буда, аз навъҳои дигари ихтисораҳо бартарӣ дорад: АФ — Академияи фанҳо, ВАБК — Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, ВХҚ — Вазорати хоҷагии қишлоқ, ИМТИМ — Институти марказии такмили ихтисоси муаллимҳо, ИТИИП — Институти тадқиқи илмии илмҳои педагогӣ, КМ — Кумитаи Марказӣ, НКХХ — Намоишгоҳи комёбиҳои хоҷагии халқ, ПД — партияи демократӣ, РАСС — Республикаи Автономии Советии Социалистӣ, РДА — Республикаи Демократии Афғонистон, РХДА — Республикаи Халқии Демократии Алҷазоир, ТДМ — Ташкилоти Давлатҳои Муттаҳида, УДТ — Университети Давлатии Тоҷикистон, ШМА — Штатҳои Муттаҳидаи Америка, ЭСТ — Энциклопедияи Советии Тоҷик, ҶИС — Ҷамъияти илмии студентон;

б) аз ҳар калима ҳиҷои аввал гирифта мешавад: Нашрдавтоҷ — Нашриёти давлатии Тоҷикистон;

в) ҳиҷои аввали калимаи якум ва шакли пурраи калимаи баъдина гирифта мешавад: Комиҷроия — Кумитаи иҷроия;

г) аз калимаҳои аввал ҳарфи аввал гирифта шуда, калимаи охирин, ки одатан соҳибиятро далолат мекунад, пурра оварда мешавад: РСС Тоҷикистон, КМ ПК Тоҷикистон.

БА ИСМ ГУЗАШТАНИ ДИГАР ҲИССАҲОИ НУТҚ

Ба исм гузаштани дигар ҳиссаҳои нутқ дар забоншиносӣ субстантивация ном дорад. Субстант калимаи лотинӣ буда, маънояш исм аст.

Субстантивация се хел мешавад: пурра, нопурра ва матнӣ. Дар субстантивацияи пурра калима аз дигар ҳиссаи нутқ комилан ба исм гузашта, танҳо ҳамчун исм истифода мешавад: беқасаб, шоҳӣ, ришта, парранда. Субстантивацияи нопурра чунин аст, ки калима аз дигар ҳиссаи нутқ ба исм пурра нагузашта, ҳамчун исм истифода шавад ҳам, гоҳо ва дар мавридҳои муайян ба вазифаи аслии худ меояд: гадо,

пешина
аз 457
навбатӣ