Забони адабии ҳозираи тоҷик (Қисми 1)

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши лексикология, фонетика ва морфологияи забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 457 саҳифа
Дар сафи пӯлодии ҷанговарон,
Ҷо набувад ҳеҷ ба тарсонҷакон.
(М. Турсунзода, Ас. мунт.)
Дар забони адабии тоҷик исми хос шуда омадани ҳам сифатҳои аслӣ ва ҳам сифатҳои нисбӣ мушоҳида мешавад. Чунончи, Ширин ва Сангин аз номҳои паҳншудаи тоҷикӣ мебошанд, ки яке аз сифати аслӣ ва дигаре аз сифати нисбӣ ба исм гузаштааст.
Исмшавии сифати феълӣ. Исмшавии сифати феълӣ ба исмшавии сифат хеле монанд аст. Чунончи, нависанда, хонанда, парранда, хазанда, бофанда барин бисёр сифатҳои феълӣ дар давраҳои дурударози инкишофи таърихии забон ба категорияи исм гузаштаанд. Дар забони адабии ҳозираи тоҷик аз асоси замони ҳозираи феъл бо суффикси -анда сифати феълӣ сохта шавад ҳам, калимаҳои мазкур, ки дар асоси ҳамин қолаб сохта шудаанд, ҳамчун сифати феълӣ тасаввур намешаванд ва аз ин категорияи грамматикӣ берун баромадаанд. Калимаҳои намоянда, ронанда нисбатан дертар пайдо шуда бошанд ҳам, ба ҳамин гурӯҳ дохил мешаванд:
Ман нахостам хонандагони ҷавоне, ки баъд аз он ба майдон омадаанд, коргар ва колхозчиёне, ки баъд аз он саводнок шудаанд, аз мутолиаи ин порча маҳрум монанд (С. Айнӣ, Куллиёт). Баъзе хӯшаҳо бо нишастани паррандагон ба болои худашон, ё бо нӯл задани онҳо аз камоли пухтагӣ, хушкӣ ва пурборӣ шикаста ба замин меафтоданд (С. Айнӣ, Ғуломон).
На танҳо сифатҳои феълии бо суффикси -анда, балки сифатҳои феълии бо суффикси -а ҳам дар давраи дурударози инкишофи забон ба исм гузаштаанд. Масалан, калимаи ришта дар забони адабии ҳозираи тоҷик предметро ифода мекунад:
Аз риштаҳои ростӣ як рағза хоҳад ӯ,
Аз қатраҳои мухталиф як баҳр карданист.
(Қутбӣ Киром, Фарзанди кӯҳ)
...Афсона аст ин сухан, бовар намекунам,
Ин риштаи гусистаро афсар намекунам.
(Қутбӣ Киром, Эҷози одамӣ)
Сифатҳои феълӣ ҳам агар мисли сифат ба исм гузаранд, суффикси ҷамъбандӣ қабул менамоянд. Ин ҳолат дар ҳамаи навъҳои сифати феълӣ дида мешавад:
... дар растаҳо ояндагон ва равандагон ҳам кам буданд (С. Айнӣ, Куллиёт). Қудошавандаҳоятон ҳам, ба фикрам, барои духтарбинӣ намеоянд (С. Улуғзода, Калтакдорони сурх).

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё