Забони адабии ҳозираи тоҷик (Қисми 1)

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши лексикология, фонетика ва морфологияи забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 457 саҳифа
Аз гуфтаҳои бобои пойафзолдӯзони Самарқанд маълум шуд, ки Сафару Ҳотам он ҷо рафта, бо бобо вохӯрдаанд. (С. Айнӣ, Куллиёт). Лекин аз навиштаҳои ӯ фоидае нест (С. Айнӣ, Куллиёт). Нишастагон ғуррӣ карда мехезанд («Садои Шарқ»). Аз саркардаҳо касеро намешиносед? (С. Улуғзода, Калтакдорони сурх).
Исм шудани аксарияти сифатҳои феълӣ, ки суффикси ҷамъбандӣ қабул накардаанд, маҳз дар матн маълум мешавад:
Ман бедиққатона бастаро қаҷ монда будаам, ки қаламдони шаффоф аз байни коғази лӯлапеч кардашудаи шаффоф ғажида баромада, ба тарафи чӯй шорида рафтааст (С. Айнӣ, Куллиёт). Оянда ба назарам торик буд (С. Улуғзода, Субҳи ҷавонии мо). Намояндагон, ба тарзе ки намуди зоҳирииҳо дар дили ҳар бинанда воҳимаи андӯҳомезе меангехт, пиёда ба роҳ даромада, аз болои кӯҳи Карнаб рост ба Кармина рафтанд... (С. Айнӣ, Куллиёт). Равандаи танҳогарди мо тахминан панҷсад қадам боло рафт (С. Айнӣ, Куллиёт).
Исмшавии сифатҳои феълии гузаранда ва ба исм гузаштани сифатҳои феълӣ бо суффикси -ӣ ва -анда нисбатан зиёдтар мебошад.
Ба вазифаи исм омадани феъл. Ба вазифаи исм омадани феълҳо асосан дар матн, дар асоси вазифаи синтаксисии онҳо маълум мешавад. Чунончи, дар мисолҳои зерин калимаҳои дарёфт ва омад ба вазифаи исм омадаанд:
... назар ба дарёфти худам беҳтарин одамони замони мо мебошанд... (С. Айнӣ, Куллиёт). Омади корро бинед... (Б. Ортиқов, Гули сурх).
Дараҷаи аз як ҳиссаи нутқ ба дигаре гузаштан як хел нест. Баъзе калимаҳо баробари ба дигар ҳиссаи нутқ гузаштан маънои луғавии худро нигоҳ медоранд, аммо маънои луғавии баъзеашон тағйир меёбад. Тағйирёбии маънои луғавии ҳангоми ба исм гузаштан бештар ба феъл мансуб аст. Чунончи, дар мисолҳои зерин маънои луғавии калимаи баромад, ки суффикси ҷамъбандӣ гирифтааст, кам тағйир ёфта бошад, калимаҳои даромад, банд, буду нобуд маънои луғавии худро тамоман тағйир додаанд:
Ман дар як боғ аз деҳқоне, ки ӯро соҳиби боғ гумон карда будаам, аз сояи боғ чӣ қадар даромад доштанашро пурсидам (С. Айнӣ, Куллиёт). Назар ба қавли Ҳомидбек, Аҳмад-махдум ҳамаи даромадҳояшро, ки аз роҳҳои дар боло баёнёфта меомаданд, харҷ мекард... (С. Айнӣ, Куллиёт). Ман шоҳаҳои шикаста партофтаамро зуд ғундошта бо химчаи бед бастам ва бандро ба китфам бардошта ҳамроҳи ӯ равон гаштам (С. Улуғзода, Субҳи ҷавонии мо).
Амлокдори хонасӯз,
Омад ба монандӣ бало,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё