Забони адабии ҳозираи тоҷик (Қисми 1)

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши лексикология, фонетика ва морфологияи забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 457 саҳифа
Тороҷу толон карду рафт
Ҳар буду набуди маро.
(А. Деҳотӣ, Куллиёт)
Ба категорияи исм гузаштани феълҳо, аз як тараф, ба ҳодисаи омонимии ноқис ва сермаъноии калимаҳо вобаста бошад, аз тарафи дигар, ба он вобаста аст, ки дар матн ба кадом вазифа омадааст. Аз ин рӯ, бо маънои аслии калима муносибат доштани феълҳои ба исмгузашта ҳис карда шавад ҳам, баъзеи онҳо маънои пурраи предметӣ мегиранд ва ҳатто исмҳои конкретро ифода мекунанд. Аз ин ҳисоб пурра шудану зиёд гардидани исмҳо ба забони адабии ҳозираи тоҷик характернок аст.
На танҳо сифат ва сифати феълию феъл, балки дигар ҳиссаҳои нутқ ҳам ба вазифаи исм омада метавонанд. Чунончи, дар мисолҳои зерин шумораи як ба категорияи исм гузаштааст, артикли -е қабул намуда, дар ҷумла ҳамчун мубтадо воқеъ шудааст:
Яке бемӯй буду сап-сафедак,
Дигар мӯи сияҳ буд печ-печак.
Яке ором, дигар бесаранҷом,
Яке такле гирифта, дигаре хом.
(М. Турсунзода, Ас. мунт.)
Шумораи ҳазор ба категорияи исм мегузарад ва суффикси ҷамъбандии -он қабул намуда, на танҳо бисёрии предмет, балки худи онро ҳам далолат мекунад:
Халқҳо, ки манораш зи бузургеш нишон аст,
Дар сояи теги карамаш хуфта ҳазорон.
(П. Сулаймонӣ, Маҷмӯаи шеърҳо).
Шумораҳои касрии ҳафтьяк ва даҳьяк дар таърихи инкишофи забон маънои нав пайдо карда, ҳамчун исм истифода шудаанд:
Ман он ҳафтьяки фарсударо барои ёдгорӣ аз он рӯзҳо ҳанӯз нигоҳ доштаам (Ҳ. Ирфон, Дар кулбаи косибон). ...ҳар сол аз ҳазор адад даҳьяки ба даҳьякхӯрон додашаванда ба сабаби мурдан, ба сабаби ба мансабҳои калони илмӣ, ки даромадаш ду ҳазор танга ё зиёдтар аз он бошад, расидан, ба сабаби бо ихтиёри худ аз баҳри даҳьяк гузаштани баъзе даҳьякхӯрон сад-саду панҷоҳ адад даҳьяк холӣ мешуд (С. Айнӣ, Куллиёт).

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё