Зеҳн
Забони адабии ҳозираи тоҷик (Қисми 1)

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши лексикология, фонетика ва морфологияи забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 457 саҳифа

МаорифТаҳсилот
Аз аввал хондан

СИФАТ

СИФАТ ВА ХУСУСИЯТҲОИ ГРАММАТИКИИ ОН

Сифат ҳиссаи мустақилмаънои нутқ буда, аломат, хосият ва чигунагии предмет ва ё ба он аз ягон ҷиҳат алоқамандро ифода мекунад.

Сифат бо исм алоқаи ҷудонашаванда дошта, худи предмети грамматикиро не, балки хосият, вазъият, нисбат ва ҳолату чигунагии предметро дарбар мегирад.

Сифат ҳамчун ҳиссаи нутқ дорои чунин хусусиятҳо мебошад:

  1. Сифат аз ҷиҳати маъно аломати предметро мефаҳмонад ва ба саволҳои чӣ гуна?, чӣ хел? ҷавоб мешавад.

  2. Ҷамъбандӣ ба сифат хос нест. Бинобар ин дар ибораи изофии тавсифӣ, исм хоҳ дар шакли танҳо ояд, ҳарчӣ дар шакли ҷамъ, сифати он дар шумораи танҳо мондан мегирад: манзараи зебо — манзараҳои зебо, абри сафед — абрҳои сафед.

  3. Сифат дараҷа дорад, нишонаи морфологии он суффиксҳои -тар, -тарин мебошад.

  4. Сифат аффиксҳои махсуси калимасоз дорад. Дар калимасозии сифат суффиксҳо ва префиксҳо қариб баробар истифода мешаванд.

Баъзе сифатҳо бо ду воситаи грамматикӣ: ҳам бо префиксу ҳам бо суффикс сохта мешаванд: Айёми бачагии томактабиам тобистон дар Соктаре ва зимистон дар Маҳаллаи Боло гузаштааст (С. Айнӣ, Ёд. ҷ. 1).

  1. Аз ҷиҳати синтаксисӣ сифат дар ҷумла пеш аз ҳама муайянкунанда шуда меояд: Ҳамин ки дар доманаи кӯҳе ё марғзоре мерасед, ҳамроҳи боди форами баҳорӣ ба димогатон як хушбӯии латифе мерасад (С. Айнӣ, Асарҳои мунтахаб). Баъд аз соате нонҳои гарми сафеди сурхрӯй бӯи диловези иштиҳокушои худро ба тамоми ҳавлӣ паҳн карданд (С. Улуғзода, Субҳи ҷавонии мо).

Ин гуна муайянкунандаҳо пасоянди -ро қабул кунанд ҳам, моҳияти синтаксисии худро аз даст намедиҳанд, чунки пасоянди -ро гирифтани онҳо танҳо ҷиҳати шаклии масъала буда, он пасоянд на ба муайянкунанда, балки ба исми муайяншаванда мансуб аст: Мо, писарбачагон, дар миёни худамон мегуфтем, ки ин хел духтараки хушрӯйро дар умрамон надидаем (С. Улуғзода, Субҳи ҷавонии мо). Агар гӯшти нағзро ҷӯшонед, шӯрбояш ҳам нағз мешавад (С. Айнӣ, Кул. ҷ. 3).

Сифат дар ҷумла инчунин ба вазифаи хабар ва ҳиссаи номии он омада метавонад: Аммо Ҳабиба аз духтари хатиб донотар, гапзантар, дар китобхонӣ устотар буд (С. Айнӣ, Ёддоштҳо, ҷ. 1). Садоят хуш, ҳавоят дилнишин аст, мақомот олӣ, оҳангат матин аст (А. Лоҳутӣ, Куллиёт).

пешина
аз 457
навбатӣ