Забони адабии ҳозираи тоҷик (Қисми 1)

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши лексикология, фонетика ва морфологияи забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 457 саҳифа
Сифатҳо ба вазифаи ҳоли тарзи амал низ меоянд: Мо ҳам нағзтар, бароҳаттар ва серупурратар зиндагӣ кардан мехоҳем (Ҷ. Икромӣ, Шодӣ). Мо тобистону зимистон, дар барфу борон, дар офтоби сӯзон гурусна ва ташна, сару побарахна дар чӯлу биёбон аз паси гӯсфандон мегардем (С. Айнӣ, Ғуломон).
ХЕЛҲОИ СИФАТ
Сифат аз ҷиҳати маъно ва вазифаи грамматикиаш ба ду гурӯҳ ҷудо мешавад: аслӣ ва нисбӣ. Ин ду гурӯҳ бо баъзе аломатҳояшон аз ҳамдигар фарқ мекунанд.
Сифати аслӣ
Сифати аслӣ аломат, хосият ва чигунагии предметро мефаҳмонад. Сифатҳои аслӣ мувофиқи маънои луғавии худ гуногунанд. Онҳо ранг, бӯй, маза, вазн, хусусият, ҳарорат, устуворӣ ва дигар хосиятҳои предметҳоро ифода менамоянд: сурх, сафед, сиёҳ, зард, кабуд, ширин, талх, бамаза, хушбӯй, бадбӯй, калон, хурд, баланд, паст, майда, вазнин, сабук, ғафс, тунук, борик, васеъ, танг, фарох, гарм, хунук, салқин, мустаҳкам, сахт, мулоим, суст ва м. ин:
Ман аз ҷой хеста берун баромадам, ҳаво соф ва ором буд, боди сабук мевазид (С. Айнӣ, Ёддоштҳо). Сабза ва себаргаҳои ин чорбоғ сабзу хуррам буданд (С. Айнӣ, Ғуломон). Ин хаёлҳои талху ширин, ин гумонҳои неку бад ва ин васвасаҳои пурташвиш, ки ҳеҷ ошиқи шайдое аз худ дураш карда наметавонад, Одинаи бехонумонро, ки саргузашти махсусе дошт, лаҳзае ба ҳоли худ ором намегузошт (С. Айнӣ, Ас. мунт.). Дар таҳти чойҷӯш хасу хошокҳои тару нам бо дуди ғафсу тунд месӯхтанд (Р. Ҷалил, Одамони ҷовид). Гулбибӣ ҳам аз риши калони сафеди Арбоб бо ду даст печонда гирифт (С. Айнӣ, Ас. мунт.).
Як гурӯҳ сифатҳои аслӣ аломати ҷисмонии одамон, чигунагии характер ва хислати одамон ва ғайраро ифода менамоянд: пир, ҷавон, хурд, фарбеҳ, хароб, ҷасур, далер, доно, содиқ, матин, хуб, нек, бад, нотарс, пурқувват, камқувват, тарсончак ва ғ.
Дар қишлоқ ҳеҷ кас вай барин арӯси зебо, ҳалиму доно, бо хату савод надорад (Ҷ. Икромӣ, Шодӣ). Дар саҳни майдонча зан ҳамроҳи ҷавони қаддарози малламӯй ва сурхи нарӯ, ки чашмони осмониранги дилрабо дошт, истода буд (Р. Ҷалил, Одамони ҷовид). Вай як одами сабукҷусса, гандумгун ва ришдарозе буд (Р. Ҷалил, Одамони ҷовид).
Бештарини сифатҳои аслӣ аз рӯи баромад ва пайдоиши

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё