Забони адабии ҳозираи тоҷик (Қисми 1)

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши лексикология, фонетика ва морфологияи забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 457 саҳифа
Калимасозӣ дар сифат
Сифат дар забони адабии ҳозираи тоҷик чунин роҳу воситаҳои калимасозӣ дорад:
-
Ба воситаи аффиксҳо, ки дар навбати худ се хел мешаванд:
а) бо суффиксҳо б) бо префиксҳо в) бо суффиксу префиксҳо 2. Бо роҳи васлшавии калимаҳо. -
Ба воситаи калимаҳои таркибӣ.
Баъзе аз ҳиссаҳои нутқ ҳамчун исм, сифати феълӣ, асоси замони ҳозираи феъл дар ҷумла мафҳуми аломату хусусияти предметро пайдо карда ба сифат гузашта метавонанд: соати тилло, деги мис, фазои кушод, аспи бидав, рӯймоли шоҳӣ, одами шинос, офтоби тобон, ҳайвони дарранда, гови зананда, оби равон ва ғ.
Вай ҳайвоноти даррандаи дигарро аз омадан ба сари гӯсфандон бозмедошт (С. Айнӣ, Куллиёт). Дар тани вай куртаи шоҳӣ буд (Ҷ. Икромӣ, Духтари оташ). Ин шахс риши калони мошубиринҷ дошт (С. Айнӣ, Марги судхӯр). Моли инҳо хеле бисёр аст: «қариб панҷоҳ шутур себ, як чанд шутур дегҳои чӯян, офтобаҳои чӯян ва дигар асбобу олоти оҳанин ва як чанд шутур сандуқи қалъагӣ» (С. Айнӣ, Ғуломон).
Сифатҳои феълӣ бо суффикси -о асосан ба гурӯҳи сифатҳо гузаштаанд: шамшери бурро, дасти тавоно, дидаи бино, хати хоно.
Инҳо босмачиёни тумани Шофирком буданд, ки аз шамшери буррои аскарони сурхи коргар ва деҳқонон, партизанҳои сурх ва калтакдорони сурх гурехтанд (С. Айнӣ, Ғуломон). Октябрь туро дидаи бино додаст, Қонуни нават забони гӯё додаст (Ҳ. Юсуфӣ). Ватанро қосиди ҳар фатҳи бобӣ, Ба дасти кӯдакон хоно китобӣ (М. Турсунзода). Микрофонро забони бурро бахш, Нутқи гӯё, каломи зебо бахш! (А. Деҳотӣ). -
БО АФФИКСҲО СОХТА ШУДАНИ СИФАТ
а) Ба воситаи суффиксҳо
Суффиксиҳои сифатсоз аз ҷиҳати калимасозӣ ва дараҷаи истеъмолашон се хел мешаванд: сермаҳсул, каммаҳсул ва бемаҳсул.
Суффиксҳое, ки қариб ба ҳар калима ҳамроҳ шуда, сифатҳои нав ба нав месозанд, суффиксиҳои сермаҳсул номида мешаванд: -ӣ, -гӣ, -она, -нок, -гона.
Суффиксҳое, ки ба калимаҳои ҷудогона ҳамроҳ шуда,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё