Забони адабии ҳозираи тоҷик (Қисми 1)

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши лексикология, фонетика ва морфологияи забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 457 саҳифа
дар сохтани сифатҳои нав маҳдуданд, суффиксҳои каммаҳсул ном доранд: -онӣ, -ак, -гун, -ин, -гин...
Суффиксои бемаҳсул фақат якчанд сифат месозанду халос: -осо, -ваш, -фом.
Суффикси -й (-гӣ, -вӣ). Ин суффикс сермаҳсултарин суффикси сифатсоз буда, аз ҳиссаҳои гуногуни нутқ сифат месозад. Сифатҳои бо ин суффикс сохташуда асосан сифатҳои нисбӣ буда, аз ҷиҳати ифодаи маъно мухталифанд. Онҳо аломату хусусиятро нисбат ба шахс, предмет ва амалу ҳодисаҳо мефаҳмонанд: либоси аскарӣ, мӯзаи солдатӣ, илми ленинӣ, кори деҳқонӣ, кори тарбиявӣ, ҷои зарурӣ, ҳусни табиӣ, ҷомаи корӣ, бозии шикорӣ.
Суффикси -й ба маънои хосу мансуб будан ба шахс ё предмет сифат месозад:
Вай гумон карда буд, ки ҳамаи русҳо монанди акаи вай сару либоси солдатӣ доранд (Р. Ҷалил, Шӯроб). У дар миёнаи дарахтони кӯҳӣ озодона сайругашт менамуд (С. Айнӣ, Куллиёт). Раҳими Қанд боре ба ман аз қаҳрамонони афсонавии одамони зинда ҳикоя мекард (С. Айнӣ, Марги судхӯр). Бачагони онҳо либосҳои сурху сафеди идӣ пӯшида буданд (Р. Ҷалил, Одамони ҷовид).
Суффикси -й сифатҳое месозад, ки таъинотро ифода мекунанд: институти педагогӣ, омӯзишгоҳи тиббӣ, флоти баҳрӣ, флоти ҳавоӣ.
Суффикси -й (гӣ) сифатҳое месозад, ки аломати предметро аз ҷиҳати нисбат доштани он ба макон мефаҳмонанд: ҳайвони хонагӣ, мурғи даштӣ, биноҳои европоӣ, тоқии чустӣ, олуи ҳиротӣ.
Қудрат дар пешгоҳ нишаста, ҳайвоноти хонагии деҳқонҳоро ба ҳисоб мегирифт (Ҷ. Икромӣ, Шодӣ). Онҳо дар сар тоқиҳои ҳисорӣ, дар тан ҷомаҳои пахтанок доштанд (Ҷ. Икромӣ, Шодӣ). Як шоли қаршигиро дар он ҷо паҳн карданд (С. Айнӣ, Куллиёт).
Суффикси -й сифатҳое месозад, ки ба олат ва аслиҳае нисбат дода шудаанд: меҳнати дастӣ, осиёи обӣ, ҳунари дастӣ, трактори электрикӣ.
Назар ба нақли падарам Саидмуродхоҷа, падари ӯ одами хату саводнок буда, аз ҳунарҳои дастӣ... дуредгариро хуб медонистааст (С. Айнӣ, Ёддоштҳо).
Суффикси -й сифатҳои нисбие месозад, ки аз кадом материал сохта шудани предметро мефаҳмонанд:
Ӯ фикр кардааст, ки агар трубаҳои чӯянӣ ё сементӣ набошад, чӣ зарар дорад (С. Айнӣ, Ёддоштҳо). Ба сари инҳо телпаки мӯйрафтаи гӯсфандӣ, ба барашон ҷомаи серпахтаи кӯтоҳи ресмонӣ, миёнашон бо чилбур аз рӯй баста ва ба пояшон мӯзаи булғории пошнабаланд буд (С. Айнӣ, Ғуломон). Вай ба дастонаш дастпӯшаки резинӣ, дар танаш ҷомаи сафеди тиббӣ дошт (Ф. Ниёзӣ, Вафо).

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё