Зеҳн
Забони адабии ҳозираи тоҷик (Қисми 1)

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши лексикология, фонетика ва морфологияи забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 457 саҳифа

МаорифТаҳсилот
Аз аввал хондан

Суффикси -й (-гӣ) сифати нисбие месозад, ки он монандӣ, ранг ва аломати зоҳириро мефаҳмонад: нурҳои найзагӣ, осмони лоҷувардӣ, абрҳои хокистарӣ.

Офтоб, ки акнун ба қади найза бардошта шуда буд, нурҳои нуқрагии худашро ба биёбони васеи пурбарф паҳн мекард (С. Айнӣ, Куллиёт). Чашмонаш калони гӯсфандӣ, пешонааш кушоди беоҷинг буд (С. Улуғзода, Навобод).

Суффикси -й бо калимаҳои тасвирӣ ва тақлиди овозӣ омада, сифати нисбӣ месозад: овози пичирросӣ, мӯзаҳои ялтосӣ, овози ҷарангосӣ, фарёди чирросӣ.

Духтари қоматбаланди ба назар 17—18 сола ба пеши сафи мо омада, бо овози баланди ҷарангосии худ хитоб кард (С. Улуғзода, Субҳи ҷавонии мо).

Суффикси -она (-гона, -ёна, -вона). Суффикси -она сермаҳсул аст. Ин суффикс бо исми ифодакунандаи шахс ва исмҳои ҷондори дигар омада, аломати предметро нисбат ба амал мефаҳмонад: насиҳати падарона, лутфи модарона, саломи дӯстона, саломи бародарона, маслиҳати рафиқона.

Ин аст насиҳати падаронаи мо ба ту (С. Айнӣ, Ас. мунт). Вале рафта-рафта кор ба як унсият ва улфати ошиқона даррасид (С. Айнӣ, Ас. мунт). Ин ҳамту як чизи безарар, китоби бачагона (С. Улуғзода, Субҳи ҷавонии мо).

Суффикси -она (-гона) бо исмҳои ифодакунандаи ҷинсияти табиӣ ва синну соли шахс омада, таъинотро мефаҳмонад: мактаби духтарона, гирьяи занона, завқи кӯдакона, либоси мардона.

Духтар ба худ осори мондагӣ намедид, бо ҳисси духтаронаи худ пай бурд, ки мақсади ин ҷавон бо ин сухан танҳо тап кушодан аст (С. Айнӣ, Куллиёт). Аммо дар Бухоро мактабҳои духтарона кам набуданд (Ҷ. Икромӣ, Духтари оташ). Як пирамарди тахминан ҳаштодсола ба гирьяи занонаи падари Гулнор хандаи тамасхромезе кард (С. Айнӣ, Куллиёт).

Ин суффикс бо исмҳои замон омада, мансубият ба замонро мефаҳмонад: мактаби шабона, либоси зимистона, сменаи рӯзона.

Суффикси -она (-гона) бо шумора омада, сифат низ месозад: устоди ягона, иттифоқи сегона.

Дар ин коғаз дар байни гиреҳҳои дувоздаҳгона ситораҳо ва бодомчаҳо нақш ёфтаанд (С. Айнӣ, Ёддоштҳо).

Суффикси -нок бо исмҳо омада, сифати аслие месозад, ки ба аломати асосии калима соҳиб буданро мефаҳмонад: суханҳои ҳикматнок, дасти қудратнок, ҳикояҳои ғамнок, одами саводнок, эълони тантананок, одами шубҳанок, сабзаи намнок.

Дар ҳуҷраҳои поинии тарафи шимолиаш дар рӯзи равшани офтобнок ҳам чизеро дидан ва хондан мумкин набуд (С. Айнӣ, Ёддоштҳо). Падарам мехост, ки суханҳои ҳикматнокашро

пешина
аз 457
навбатӣ