Забони адабии ҳозираи тоҷик (Қисми 1)

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши лексикология, фонетика ва морфологияи забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 457 саҳифа
ҳамаи аҳли хонавода шунавад (С. Улуғзода, Субҳи ҷавонии мо). Аз он деҳа хабарҳои воҳиманок меоварданд (С. Улуғзода, Субҳи ҷавонии мо).
Суффикси -манд аз исмҳо сифати аслие месозад, ки ба аломат ва хислате доро будани предметро мефаҳмонад: халқи зафарманд, одами адолатманд, ҷавонони саодатманд, одами давлатманд, меҳмони иззатманд.
Ба ман аз бачагон дида, баррагон ва бузголагони навзод ҳунармандтар намуданд (С. Айнӣ, Ёддоштҳо). Устоамак мехост, писари хурди худ Икромҳоҷаро устоди ҳунарманд кунад (С. Айнӣ, Ёддоштҳо). — Шумо оқсақоли адолатманд бошед, — гуфт як ҷавони қадбаланд ва курмакранг, — арзи фуқароро шунида, ба ҳоким расонед (Р. Ҷалил, Одамони ҷовид).
Суффикси -ин (-гин) нисбатан каммаҳсул буда, сифати нисбӣ месозад: косаи чӯбин, хуми мисин, девори сангин, хумчаи сафолин, сандуқи чӯбин, кати оҳанин.
Ин суффикс бо исмҳо омада сифатҳоеро месозад, ки аз кадом материал сохта шудани предметро мефаҳмонад:
Дар ин хона дар як гӯшае як бочкаи оҳанинеро мебинем, ки тахминан даҳ сатил ё зиёдтар обро гунҷоиш дорад (С. Айнӣ, Ас. мунт). Падарам дар вақти истиқомат карданаш дар мадрасаҳои Бухоро барои равғандон кардан хумчаи сафолине харида будааст (С. Айнӣ, Ёддоштҳо).
Суффикси -ин аз зарфҳои замон сифатҳое месозад, ки ба замон нисбат дода шудани аломатро мефаҳмонанд: сухани охирин, меҳри дерин, вазъияти аввалин...
Эй ёри азизу ҷони ширин,
Эй дилбари меҳрубони дерин...
(А. Лоҳутӣ)
Лекин ин майли охирини туро,
Ҳеҷ кардан наметавонам адо.
(М. Турсунзода)
Суффикси -ина каммаҳсул аст. Бо исм ва сифат омада сифатҳое месозад, ки аз кадом материал сохта шудан ва ба аломате соҳиб буданро мефаҳмонад: ҷавони сабзина, одами қокина, бачаи зардина.
Ин зани тахмин биступанҷсола, ки сарбанди мӯинаи ғафсро аз гулӯяш гузаронда баста, куртаи йӯрмадӯзии украинӣ дар тан дошт, хеле соҳибҷамол буд (Р. Ҷалил, Одамони ҷовид).
Суффикси -ина бо сифат ва зарф омада, аломати предметро нисбат ба замон мефаҳмонад: хӯроки фардоина, дӯсти дерина. Шумо ҳам саломат бошед, ки қадрдонҳои дерина ва хе-шовандони аз хотир фаромӯшгардидаро суроғ карда омадед,— гуфт Қулмурод (С. Айнӣ, Куллиёт).

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё