Зеҳн
Забони адабии ҳозираи тоҷик (Қисми 1)

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши лексикология, фонетика ва морфологияи забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 457 саҳифа

МаорифТаҳсилот
Аз аввал хондан

Бо шумо ҳамсояи деринаем,
Дӯстони бегараз, бекинаем.
(М. Турсунзода)

Суффикси -онӣ каммаҳсул аст. Вай бо исмҳо омада, сифатҳои аслӣ ва нисбӣ месозад: меҳнати ҷисмонӣ, суханҳои ҳаққонӣ, мӯйсафеди нуронӣ.

Суффикси -а (-я) бо исму зарф омада, сифатҳои аслӣ ва нисбӣ месозад: қалами ранга, сӯҳбати имрӯза.

Шабона дар базмхона ҷавонони гузар, меҳмонони беруна ва дойрахабар ғун шуданд (С. Айнӣ, Ёддоштҳо). Ҳавои хуб ва дилкаши имрӯза монанди рӯзҳои баҳор буд (Ч. Икромӣ, Шодӣ).

Суффиксиҳои -ак, -акӣ (-якӣ) каммаҳсуланд: бачаи хаппак, чизи часпак, суханҳои пучак, рафтори рӯякӣ, ҷисми обакӣ, ҳурмати рӯякӣ, имтиҳони даҳонакӣ, рафтори қалбакӣ.

Суффиксиҳои -чак, -ук, -ик бемаҳсул буда, бо якчанд калима меоянду халос: одами хандончак, мурғи паррончак, бачаи тарсончак, дастони нозук, шаби торик, дӯстони наздик.

Гӯшҳошонро бо овезаҳои заррини нозуки марворидкорӣ зиннат доданд (С. Айнӣ, Ғуломон). Зина торик ва печ дар печ буд (С. Айнӣ, Ёд. ҷ. 1).

Суффикси -гар каммаҳсул буда, бо исм ва гоҳо бо асоси замони ҳозира феъл омада, ба аломате, хислате ё кирдоре соҳиб буданро мефаҳмонад: одами иғвогар, чашми афсунгар, одами ҳилагар, синфи тавонгар, марди фиребгар.

Насими навозишгар бӯи димоғпарвари гули дарахтонро аз боғҳо ва гулҳои худрӯйро аз доманаи кӯҳҳо ба қишлоқ пароканда мекард (Р. Ҳалил, Одамони ҷовид).

Маро ёрест бераҳму ситамгар,
Нигоҳаш оҳуву чашмаш ғазанфар.
(А. Лоҳутӣ)

Вай фиристод зидди мо лашкар,
Лашкари бешумори ғоратгар.
(А. Лоҳутӣ)

Суффикси -вар бо исмҳо омада, ба аломате, хислате доро будани шахс ё предметро мефаҳмонад: пири ҳунарвар, ташвиқотчии суханвар, лейтенанти номвар, наққоши донишвар.

Ӯ монанди баъзе мусиқачиёни он замон маҷлисоро, суханвар, ширинкор ва хушомадгӯй ҳам набуд (С. Айнӣ, Марти судхӯр). Агар мо ҳақиқати ҳолро ба воситаи ташвиқотчиёни суханвари худ ба эшон фаҳмонда тавонем, тӯп ва милтиқе,

пешина
аз 457
навбатӣ