Забони адабии ҳозираи тоҷик (Қисми 1)

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши лексикология, фонетика ва морфологияи забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 457 саҳифа
ки ҳукумати подшоҳӣ ба дасти эшон барои дар чанбари итоат доштани мо додааст, ба сӯи худи ӯ оташфишонӣ хо-ҳанд кард (С. Айнӣ, Ас. мунт.).
Суффикси -гун каммаҳсул аст, бо исм ва сифат омада, ба хислату аломати предмети решаи калима монанд будани сифатро мефаҳмонад: ҷавони гандумгун, чеҳраи гулгун, рӯи лолагун, осмони нилгун, одами сафедгун.
Қади ин ҷавон пасттар, баданаш пургӯшт ва рӯяш ган-думгуни ба сабзӣ моил менамуд (С. Айнӣ, Ёддоштҳо). Дона-ҳои ашки алмосгун, ки аз чашмони дурахфонаш ба рӯи рах-шонаш мечакиданд, намуди шабнами саҳариро ба рӯи гул-барги сурхи таре чилва медоданд (С. Айнӣ, Куллиёт). Қорӣ Нурулло як одами миёнақади фарбеҳи рӯйпурраи сафедгун буд, ки риши сиёҳи паҳни калоне дошт (С. Айнӣ, Ёддоштҳо).
Суффиксиҳои -сор, -осо, -ваш, -фом бемаҳсул мебошанд. Ин суффиксиҳо танҳо бо баъзе исмҳо омада, сифат месозанд, ки предмет аз ягон ҷиҳат бо предмети дар реша номбаршуда монандӣ ва мувофиқат дорад: оби нукраосо, бодаи гулфом, ди-ли баҳрсон, одами хоксор, ситорагони офтобваш.
Агар ранги сабзи сабзаҳои канори ин ҷӯйча нури бини-ши шуморо нигоҳдорӣ намекард, тобиши ин об, ки аз аксан-дозии ситорагони офтобваш пайдо шудааст, чашматонро ме-бурд (С. Айнӣ, Куллиёт).
Барад оби равони нукрасонро,
Нишони зиндагии ҷовидонро.
(М. Турсунзода)
Ҳаргиз нахӯрам зарра ғам аз кулфати айём,
Ҳар рӯз хӯрам бо бути худ бодаи гулфом.
(Ҳ. Юсуфӣ)
Суффикси -ам бемаҳсул аст. Бо асоси замони ҳозираи феъл омада, сифати аслӣ месозад:
Устоамак ғайр аз кандакории худ ба устохонаҳои дигар ҳам нақшаҳои шинам кашида медод (С. Айнӣ, Ёддоштҳо). Ин ҷӯйчаҳое, ки дар миёни заминҳои корам кандаанд, аз лой ва гил бино наёфтааст (С. Айнӣ, Дохунда). Ҳавлии На-бӣ-Полвон барин касони дорамтарро зинат дода, ба ҳолате ки дар он ҷо меҳмон фуроварда шавад, оварда буданд (С. Айнӣ, Ғуломон).
Суффикси -ак (-як), -акак (-якак) шаклсоз буда, ба сифат маънои хурдӣ ва навозиш медиҳад: калонак, пастак, тангак, калонакак, хубрӯякак, зебоякак, майдаякак.
Дарвозаи ин мадраса аз тарафи ҷануб буда, дар пеши дарвоза саҳни тангаке ҳам дошт (С. Айнӣ, Ёддоштҳо). Аз дарвозаи пастаки он ҳавлӣ касе баромада рафт (Ч. Икромӣ,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё