Зеҳн
Забони адабии ҳозираи тоҷик (Қисми 1)

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши лексикология, фонетика ва морфологияи забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 457 саҳифа

МаорифТаҳсилот
Аз аввал хондан

Духтари оташ). Нуралӣ дар қатори дуюми зал ҷой гирифта буд, дар паҳлуи чапи вай як марди миёнсоли фарбеҳаки тӯтибурут менишаст (С. Улуғзода, Навобод).

б) Ба воситаи префиксҳо сохтани сифат

Префиксҳо ҳам воситаи сермаҳсули калимасозии сифат мебошанд. Префиксҳои сифатсоз инҳоанд: бо-, ба-, бар-, бе-, но-, то-, дар-.

Префиксҳои бо-, ба- бо исм омада, сифатҳои аслие месозанд, ки ба аломате ва ё хосияте доро будани предметро мефаҳмонанд: одами босавод, бачаи бамаънӣ, ҷавони бофаҳм, марди ботадбир, бачаи боинтизом, одами баақл, манзараи босафо.

Зокир одами босавод буд, то он дам дар милицияи Тус хизмат мекард (С. Улуғзода, Субҳи ҷавонии мо). Ин гуна як саги боақлу бономус бо яке аз одамони беномуси амир ҳамном шавад... (С. Айнӣ, Ғуломон). Ба Нуралӣ аз ҳавлӣ зиёдтар соҳиби ҳавлӣ Марзияхола маъқул шуд, ки аз рафтору муомилаҳояш зани хушфеъл, бамаънӣ ва одамдӯст менамуд (С. Улуғзода, Навобод). Давлат бачаи зирак, бофаросат, меҳнатдӯст, монанди одами калон вазнину пурбардошт аст (Р. Ҷалил, Шӯроб).

Префикси бар- каммаҳсул аст, бо исм, сифат ва зарф омада, сифат месозад: ақли баркамол, садои бардавом, гувоҳии бардурӯғ.

Бештарини одамҳо маълумотҳои бардурӯғро ҳам мерасонанд (С. Айнӣ, Ғуломон).

Префикси бе- сермаҳсул аст, бо исм омада, сифати аслие месозад, ки он ба аломат ё хислате доро набуданро мефаҳмонад: дашти беоб, баҳори бехазон, оинаи беғубор, одами безарар, аспи беором, фазои бепоён, душмани беамон:

Қурбоналӣ коргарони дар зери дасти худаш коркунандаро бо як нахӯдшӯрбои бегӯшт зиёфат кард (С. Айнӣ, Ас. мунт.). Содиқ он ҳайвони безабони меҳрубони худро хуб хору мол кард (С. Айнӣ, Ғуломон). Вақте ки канори Чилвон обод шуда, деҳқонони безамин, камзамин ва камбағалон ба ин тараф омада замин гирифтанд, кори бой монд (С. Айнӣ, Ғуломон).

Агар ҷуфти чунин сифатҳо бо пайвандаки у чида шуда ояд, префикси бе- танҳо бо яке аз онҳо (бо калимаи якум) меояд: биёбони беобу алаф, одамони беобу замин, одами бехату савод, фоидаи бемузду меҳнат, мардуми бедарду ғам, мурғи беболу пар, олами бесинфу истисмор.

Деҳқонони пойбараҳна ва ғуломони беобу замин бо ҳар баҳона ба қозӣ, амалдор, ба раис муқобил мебаромаданд (С. Айнӣ, Ғуломон). Бодҳои сарди Сибир аз Оренбург гузашта,

пешина
аз 457
навбатӣ