Зеҳн
Забони адабии ҳозираи тоҷик (Қисми 1)

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши лексикология, фонетика ва морфологияи забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 457 саҳифа

МаорифТаҳсилот
Аз аввал хондан

биёбони қазоқро тай карда аз болои чӯли Қизил ба саҳроҳои кушодаи бекӯҳу дараи Бухоро мевазиданд (С. Айнӣ, Ғуломон).

Префикси но- бо исм ва асосҳои феълӣ омада, сифати ас- лӣ месозад, ки ба аломат ва хусусияте доро набудани пред- метро мефаҳмонад: одамини нобовар, духтари ноком, ҷои нобоб, ҳодисаи ногувор, мардуми ношод, одами ношинос, ҳа- ракатҳои нолоиқ, меҳмонони ногуфта, аҷузаи нотавон.

Қорӣ-амак, шумо аҷаб одами нобовар мебошед (С. Айнӣ, Марги судхӯр). Ҳавлиам дар як ҷои бисёр нобоб, домани чӯл, дар ҷойҳои рег паҳшкарда аст (С. Айнӣ, Ғуломон). Дар байн як хомӯшии ногуворе ҳукмрон шуд (Ҷ. Икромӣ, Духта- ри оташ).

Зиндон бувад ин қулбаву шодӣ бувад озод,
Шодӣ накунад ҷой дар ин манзили ношод.
(А. Лоҳутӣ)

Ба як духтари ношинос ҷавони бегона чӣ ҳам гуфта мета- вонист (С. Айнӣ, Куллиёт).

Префикси дар- каммаҳсул аст. Префикси дар- бо калима омада дар ҳолате буданро мефаҳмонад: абри даргузар.

в) Воситаи омехта (префиксӣ-суффиксӣ)

Барои сохтани сифат гоҳо префикс ва суффикс дар як калима якҷоя омада метавонанд, ки онро воситаи префик- сӣ-суффиксӣ (омехта) номидан мумкин аст, аммо ин тарзи сохташавии сифатҳо нисбат ба суффиксация ва префиксация камистеъмол мебошад.

Префикси то + суффикси -й: Айёми бачагии томактабиам тобистон дар Соктаре ва зимистон дар Маҳаллаи Боло гу- заштааст (С. Айнӣ, Ёд. ҷ. 1).

  1. БО РОҲИ ВАСЛШАВИИ КАЛИМАҲО

Ба воситаи васлшавии калимаҳои ҷудогона сохтани сифат яке аз типҳои сермаҳсул мебошад. Калимаваслшавӣ воситаи асосии ташкилёбии сифатҳои мураккаб ба шумор меравад. Алоқаи байни ҷузъҳои сифатҳои мураккаб ду хел мешавад: алоқаи пайваст ва тобеъ.

Дар типи пайвасти алоқа ҷузъҳо ба ҳамдигар тобеъ набуда, баробарҳуқуқ мебошанд ва яке аз он ҷузъҳо маънои ҷузъи дигарро такмил медиҳад, пурра мекунад. Дар типи тобеи алоқа яке аз ҷузъҳо ба дигаре тобеъ буда, онро эзоҳ медиҳад.

пешина
аз 457
навбатӣ