Забони адабии ҳозираи тоҷик (Қисми 1)

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши лексикология, фонетика ва морфологияи забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 457 саҳифа
ТаҳсилотМаориф
Аз аввал хонданСифатҳои мураккаби пайваст
Дар забони тоҷикӣ бо роҳи алоқаи пайваст сохташавии сифатҳои мураккаб каммаҳсул аст. Сифатҳои мураккаби типи пайваст бо чунин роҳҳо сохта мешаванд:
- Бо такрори исм: мӯи тор-тор, қалби реш-реш, мӯи мавҷ-мавҷ, нолаҳои зор-зор.
Дар сурат як духтаре бо мӯи фатилайи мавҷ-мавҷ дасташро аз таги дасти як ҷавони айнакдори лоғарбадан гузаронда рост истода буд (С. Улуғзода, Субҳи ҷавонии мо).
Ӯ намакпошӣ ба қалби реш-решам мекунад.
(А. Лоҳутӣ)
Шеъри Ҳофизро ба ёд оред, дарди шарқро,
Нолаҳои зор-зору оҳҳои сардро.
(М. Турсунзода)
- Бо ҳамроҳ кардани ду калимаи мустақил ё такрори як калима ба воситаи садонокҳои пайвасткунандаи о, у: дӯстони ҷонбаҷон, гулҳои рангоранг, кӯҳҳои дуродур, роҳи пурҳамупеч, дарахтони пурпечутоб, роҳи печутобдор.
Боён ва бойбачагон аз қабат ба қабат пӯшидани либосҳои рангоранги қиматбаҳо дар зери обу арақ монда ба зӯр роҳ мегаштанд (С. Айнӣ, Ёддоштҳо). Дар он вақтҳо аз фикру хаёлҳои ниҳонии ман фақат як кас, яъне рафиқи ҷонбаҷони ман Солеҳ огоҳ буд (С. Улуғзода, Субҳи ҷавонии мо). Ман ҳар замон аз онҳо чашм канда, ба пеш — ба кӯҳҳои дуродур нигоҳ мекунам (С. Улуғзода, Субҳи ҷавонии мо).
Сифатҳои мураккаби тобеъ
Ин типи сохташавии сифатҳои мураккаб хеле сермаҳсул мебошад. Сифатҳои мураккаби типи тобеъ бо роҳи бевосита васлшавии калимаҳои гуногун сохта мешаванд. Чунончи:
- Аз ду исм: одами раҳмдил, мурғи пӯлодбол, шоири оташзабон, духтари моҳпайкар, соҳибҷамол, мардуми оҳанинирода, аспи бодпо, арӯси лаълрух ва м. ин.
Ин гурӯҳи сифатҳо бо аломату хусусияте соҳиб будан, аломати зоҳирӣ ва ботинии предметро мефаҳмонанд:
Бештарини онҳо абрӯкамон, мӯрчамиён, пистадаҳон, сафеддандон, гули хандон, сарви равон, моҳи тобон, офати ҷон, номеҳрубонанд (С. Айнӣ, «Ғуломон»). Қалмоқ-оим тағмай оҳанини думчадори наълшакли бойро бо анбӯр гирифта овард (С. Айнӣ, «Ғуломон»). Баъд аз ду-се дақиқа аз тарафи даруни сарой як шахси бузриши мӯйсафеди қоматҳамида намоён гардид (С. Айнӣ, «Ғуломон»). — Агар иҷозат диҳанд, — гуфт оқсоқол

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё