Забони адабии ҳозираи тоҷик (Қисми 1)

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши лексикология, фонетика ва морфологияи забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 457 саҳифа
ва ба тарҷимони ғазгардани тӯтибинӣ, ки ба гардани дарозаш, гиребони якваҷабаи крахмалнок баста буд, муроҷиат кард (Р. Ҷалил, Одамони ҷовид). Аспи бодрафтори Пӯлод ҳаракат мекард, ки аз ҳамаи аспҳо пеш гузарад (Р. Ҷалил, Одамони ҷовид).
Як саволе бо ту дорам, эй рафиқи боҳунар,
Дар биёбоне бидидам як аҷоиб ҷонвар:
Мӯрпову морчаш, лайлакпару андаршикам,
Шутурзону, шерсина, филгардан, аспсар.
Чистон.
-
Аз ду сифат: чизҳои хушгувор, дасти пурзӯр, наъраи пуршӯр, бозуи пурзӯр.
Пас аз он табақҳоро бардоштанд ва ба ҷои онҳо дигар чизҳои хушгуворои хушкворӣ ниҳоданд (С. Айнӣ, Ғуломон). Ба ҳамаи деҳқонони гушнапурзӯре, ки ба Деҳнави Абдуллоҷон тобеанд, даъво дорам (С. Айнӣ, Ғуломон). Корд ҳанӯз ба сар нарасида, дасти ӯро дар ҳаво дасти пурзӯре дошт (Р. Ҷалил, Одамони ҷовид). -
Аз исму сифат ва ё сифату исм: ҷомаҳои гулкалон, одами қадбаланд, қадпаст, пахтаи наҳдароз, одами табънозук, чуқурии серсанг, гули хушбӯй, саҳроҳои пурбарф, аспи хушсурату хушрафтор, халқи некӯном, ҳофизи ширинсухан, пири хушбахт, одами бадҳайбат, боғи хушҳаво ва м. ин.
Як зани ҷавони ситорагарм ба ҳавлӣ даромад (Ҷ. Икромӣ, Духтари оташ). Вай чашмонашро кушода худро дар оғӯши як одами бадҳайбати каллакалон ва ришдарозе дид, ки ба девҳои афсонавӣ монандӣ дошт (Р. Ҷалил, Одамони ҷовид). Ӯ беихтиёр ба паси сари худ нигоҳ кард ва 50—60 қадам дуртар аз худаш як туркмани баландқомати лоғарандоми миёнсоли риш мошу биринҷи сиёҳчехраи чашму абрӯяш сиёҳро дид (С. Айнӣ, Ғуломон).
Дар ин гурӯҳи сифатҳои мураккаб калимаҳои хуш, пур, сер, бад, ранг, сар, дил ҷузъҳои хеле серистеъмол мебошанд: хушфикр, хушсурат, хушбахт, хушҳаво, хушгап, хушмуомила, сиёҳдил, дилшод, дилсард, бадҳайбат, бадрафтор, бадкор, бадгап, сарбаланд, сарбараҳна, сарсафед, сарлуч, серсоҳа, гул-обиранг, сиёҳранг, пурнур, пурзӯр, пурдард, пурҷасорат, пурмаҳорат, пуркувват, пурҳунар ва ҳоказо.
- Аз исму асоси замони ҳозираи феъл. Ин типи сифатсозӣ ҳам ниҳоят сермаҳсол аст: ҳавои дилкаш, фазои дилкушо, кулчаҳои ширмол, чашмони шӯълабор, нигоҳи меҳрангез, мӯи тобдор, меҳри оламгир, овози дилчасп, қади дилҷӯ, тоқии гулдор, саргузашти мароқовар ва ҳоказо.
Ҳавои форами баҳорӣ бо бӯи хуши сабзаҳои навхези атромез ба кас рӯҳи тоза ва шодмонии беандоза медод (С. Айнӣ, Ёддоштҳо). Ман ҳамин қадар гуфта метавонам, ки он

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё