Забони адабии ҳозираи тоҷик (Қисми 1)

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши лексикология, фонетика ва морфологияи забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 457 саҳифа
рӯи зебо бо он бинии латифи дилрабо, бо он чашмони сиёҳи муҳаббатниюҳи меҳрафзо, бо он мижгонҳои дарози дилнавози шавқангез, бо он абрӯвони мушкаймӯи нӯгтез, бо он пешоиаи меҳрубони нишоиаи лутфомез—бисёр шинам, бисёр дилкаш ва бисёр хушнамо афтода буд (С. Айнӣ, Кул-лиёт). Шӯрбои серравғани лабчасп ва загораи гарми дастсӯз-ро тайёр карданд (С. Айнӣ, Ғуломон). Пӯлод ду кӯчаро тай намуда ба як маҳаллаи коргарнишин расид (Р. Ҷалил, Ода-мони ҷовид).
Дар ин гурӯҳи сифатҳои мураккаб асоси замони ҳозираи феълҳои зерин хеле серистеъмол мебошад: овар, ангез, дор, бахш, омез. Саргузашти мароқовар, Октябри зафаровар, му-лоқоти хандаовар, офтоби ҷонбахш, ҳавои фараҳбахш, ҷаво-би қаноатбахш, мӯи тобдор, фарзанди вафодор, ҷои ҳавлан-гез, оғӯши меҳрангез, паланти даҳшатангез, сабзаҳои атр-омез, саволи тааҷҷубомез, нигоҳи табассумомез, суханони таҳ-дидомез ва м. ин.
- Аз исму асоси замони гузаштаи феъл. Ин роҳи сохта-шавии сифатҳои мураккаб каммаҳсул аст: чашмони гирья-олуд, бачаи хоболуд, оби лойолуд.
Дар чанд рӯзи аввалҳои моҳи ақраб бодҳои мухолиф ва-зида, боронҳои барфолуд борида, дарахтон баргҳои заррини худро партофта урён шуда буданд (С. Айнӣ, Куллиёт). Оқи-бат Қорӣ-ишкамба оши моро ҳам тамом карда, зуд аз ҷояш бархост ва дасти равганолудашро ба масҳии худ молида, «пок» карда аз ошхона баромада рафт (С. Айнӣ, Марги суд-хӯр).
- Аз сифату асоси замони ҳозираи феъл ва сифату си-фати феълӣ: ҷавони ҳақгӯ, ҳақшинос, одами пурдон, шахси некхоҳ, бадхоҳ, булбули хушхон, либоси хушнамо, замини корамнашуда ва бекорхобида.
Агар дурусттар шустушӯ кунанд, либосҳои хушнамо пӯшонда шаванд, дар бозор ба сари инҳо тилло хоҳад борид (С. Айнӣ, Ғуломон). Сафар сари синаи бараҳнаашро ба рӯи реги намдори лаби рӯд ниҳода хобида буд (С. Айнӣ, Ғуломон). Ман ин гуна ҳазлҳои ҷиддинамои шуморо акнун нашунидаам (С. Айнӣ, Марги судхӯр). Дар кӯчаҳо бо ҳам гаштани ин ду дӯсти калонгир бисёр тамошо дошт (С. Айнӣ, Ёддоштҳо). Мо, саисон, одамони оворагард мебошем (С. Айнӣ, Ғуломон). Дар ҳамин вақт ду духтари наврас чойник ва пиёлаҳои лабу даҳонашон шустаро бо дастурхони шол, ки дар он нон печонида шуда буд, оварда ба пеши меҳмонон гузоштанд (С. Айнӣ, Ғуломон).
- Аз исму сифати феълӣ: марди қадхамида, одами корозмуда, деҳаи тороҷдида, одами рангпарида, писарчаи рангканда, ошиқи дилдода, пири қоматхамида.
Дар ҷимкат як писарчаи хурдсоли рангкандаи чашмкабуд дар косаи сафолин бо қошуқи чӯбин шӯрбо хӯрда ни

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё