Зеҳн
Забони адабии ҳозираи тоҷик (Қисми 1)

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши лексикология, фонетика ва морфологияи забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 457 саҳифа

МаорифТаҳсилот
Аз аввал хондан

шаста буд (С. Улуғзода, Субҳи ҷавонии мо). Дониёл бо навқарони корозмудаи худ ба ҷои бисёр баде афтода буд (С. Айнӣ, Куллиёт). Барои Мирзобаҳодур ва қозии рангпарида дигар чорае ҳам намонда буд (Р. Ҷалил, Одамони ҷовид).

Баъзан аз сифати феълӣ ва исм сифати мураккаби тобеъ сохта мешавад: одами паридахаёл.

  1. Аз исму феъли ҳол ва исмӣ масдар: Бачаи хандонрӯй, чизи гирифтанбоб, хӯрданбоб.

Дар пеши даромадгоҳи роботи вайрона сенафаронро як одами сабукҷуссаи камриш, гандумгуни миёнсол ва хандонрӯй пешвоз гирифт (Р. Ҷалил, Одамони ҷовид). Аммо чизе, ки гирифтанбоб бошад, наёфтанд (Р. Ҷалил, Одамони ҷовид).

  1. Аз шумораву исм бо суффикси -а. Ин типи сифатҳо серистеъмоланд: халтачаи сечашма, милтиқҳои панҷтира, аробаи чорчарха, хонаҳои дуошӯёна, кори яксоата, фойтуни дуаспа, марди панҷоҳсола, духтари шонздаҳсола, моҳи ҳафтрӯза ва ғайра.

Дар ду тарафи кӯчаҳо хонаҳои дуошӯёна ва сеошӯёна бино ёфта буданд (С. Айнӣ, Ёддоштҳо). Моҳи ҳафтрӯза ба фурӯ рафтан наздик расида буд (С. Айнӣ, Ас. мунт.). Барои саворӣ мо як фойтуни калони дуаспа киро кардем (С. Айнӣ, Ёддоштҳо). Ин чӯпон як бачаи дувоздаҳсола-сездаҳсола буд (С. Айнӣ, Куллиёт).

  1. Аз шумораи касрии ним ва сифат: Дар осмон танҳо ситораҳои нимравшан метофтанд (Ҷ. Икромӣ, Шодӣ). Ин овози одамизод мани нимбеҳусро ба ҳуш меоварад (С. Улуғзода, Субҳи ҷавонии мо). Оилаи ӯ монанди садҳо меҳнаткашони шаҳр нимгурусна ва нимбараҳна умр ба сар мебурд (Р. Ҷалил, Одамони ҷовид).

  2. Аз шумора ва асосҳои феълӣ: Дар пойтахти хона як шахси қаддароз, ҷомаи хеле кӯтоҳи нимдошти алоча пӯшидагӣ ҳозир шуд (Р. Ҷалил, Одамони ҷовид). Бинанда онро як чӯби чортароши оддӣ гумон мекард (С. Айнӣ, Ғуломон).

  3. Аз шумораву нумератив ва калимаҳои нумеративӣ ва суффиксҳо: Ин кор акнун фиреби себораи амир буд (С. Айнӣ, Ғуломон). Ин пирамард риши якқабзагии бузворашро ба даст гирифта, нӯги онро ба даҳонаш андохта мехоид (С. Айнӣ, Ғуломон). Дар як гӯшаи ошхона як деги нимманиро шинонда, дар он об гарм мекарданд (С. Айнӣ, Ғуломон). Дастурхонҳоро паҳн карданд, дар пеши ҳокимон аз кулчаҳои ширмоли бистқадокӣ ва аз нонҳои тафтони даҳқадокӣ бо лаълиҳои махсус нӯҳтағӣ кашиданд (С. Айнӣ, Ғуломон).

  4. Аз ҷонишину исм ва асоси феъли замони ҳозира бо суффиксҳо ва ё бе суффиксҳо: Акнун Амин ҳам фаҳмида буд, ки ин шӯхӣ монанди шӯхиҳои ҳаррӯзаи навбатӣ набудааст (С. Айнӣ, Ғуломон). Ин гуна бачағони худсар бояд ки ҷазои сахт бинанд (С. Айнӣ, Ас. мунтахаб). Ҷазои бачаи хурдсол

пешина
аз 457
навбатӣ