Забони адабии ҳозираи тоҷик (Қисми 1)

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши лексикология, фонетика ва морфологияи забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 457 саҳифа
ҳамин аст (С. Айнӣ, Куллиёт). Шарофат зани соддаи покдил, аммо лофгӯй ва худсито буд (С. Улуғзода, Субҳи ҷавонии мо). Ман аз лаби дарёи Зарафшон, ки обаш намонда буд, рафта, баъзе алафҳои худрӯйро канда меовардам (Ҷ. Икромӣ, Духтари оташ).
14) Аз сифат, исм ё шумора ва асосҳои феълӣ: одами сиёҳтелпакдор, чӯбдастдор, дасти панҷшоҳамонанд, мурғи шикастаболупар, ошиқи пурхандалаб.
Бинобар ин аз ғайри чашмдошт ба назар намудани 10—15 сари сиёҳтелпакдор кори ӯро тамом кард (С. Айнӣ, Ғуломон). Ҳанӯз фурсати аз ҷо бархостани ин деҳқон набуд, ки аз дари арк ясавулони чӯбдастдор давон омада, аз гиребони деҳқони мазкур гирифта, ӯро ба тарафи арк кашола карда бурданд (С. Айнӣ, Ғуломон). Холбӯта аз асп фаромада, дасти чиркин ва панҷшоҳамондашро ба сари синаи юзбошӣ монда, хотири ӯро ҷамъ кард (Р. Ҳалил, Одамони ҷовид). Устошарик ширинзабон, хушмуомила ва ширинкорнамо буд (С. Айнӣ, Ёддоштҳо). Яке аз ин шириниҳо як хари сафедчорбӯдуми ҷангалёл дошт (С. Айнӣ, Ғуломон). Ҳомидхоҷа ҳам монанди талабагони навдарсхони бухорой ҳаваскори шоирӣ буда, «Меҳрӣ» тахаллус мекард (С. Айнӣ, Ёддоштҳо).
15) Аз категорияҳои гуногуни калима ва аффиксҳо (дар ин ҷо бештар исм, сифат, ҷонишин, асосҳои феълӣ вомехӯранд): чизҳои дилнокаш, суханони маслиҳатомезона, бинии дасткадумонанд, бачаи гапнофаҳм, одати ҳаррӯзина, осмони қадамнорас, одами бамақсадрас, рӯди осмониранг, ҷои дастрӯйшӯй.
Дар ин хона, ки даромадгоҳаш тоқи баланд ва ғаррасутунҳои мармариннусха дошт, театр, кино, тӯдаҳои ҳаваскорӣ ҷой гирифта буданд (Ҷ. Икромӣ, Шодӣ).
Дар лабони хушки бенам шуд падид
Ғуссаи садсолаи касношунид.
(М. Турсунзода)
Мӯйсафед ҳам дар навбати худ изҳор кард, ки ҳамроҳи кампири аҷибу гапнодарои худ аз Хаволинг омадааст (И. Файзуллоев). Дар таом бошад, хӯрокҳои бадтарин ва дилнокаштаринро ба ман медод (С. Айнӣ, Ёддоштҳо). Имрӯзҳо ӯро танҳо теғаҳои кӯҳи абрногузар ва дараҳои танги обногурез нигоҳдорӣ мекарданд (С. Айнӣ, Куллиёт, ҷ. II).
16) Аз пешоянду исм бо суффикси -й: хонаи зеризаминӣ, участкаҳои наздиҳавлигӣ, ҳолати ғайритабиӣ, сӯҳбатҳои пешазинтихоботӣ.
Партияи роҳи тараққиёти ғайрикапилистиро интихоб карда, ба коллективонидани хоҷагии қишлоқ дилпурона шурӯъ намуд («Тоҷикистони Советӣ»). Правленияи колхоз бо таклифи ташкилоти партиявии участкаи наздиҳавлигии як қис-
196

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё