Зеҳн
Забони адабии ҳозираи тоҷик (Қисми 1)

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши лексикология, фонетика ва морфологияи забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 457 саҳифа

МаорифТаҳсилот
Аз аввал хондан

ми колхозчиёнро, ки аз норма зиёд буд, бурида кам кард (С. Улуғзода, Навобод). Кампир чашмбанд надошт ва аз ин ҳоли дар он вақт гӯё ғайритабиӣ ҳиҷолатӣ, ибое дар симои вай дида намешуд (Ҷ. Икромӣ, Духтари оташ).

  1. Аз таркиби изофӣ бо суффикси -ҷ: кисаи сарисинагӣ, ҳавлии рӯидаричанок, ресмони пашмигӯсфандӣ, дӯкончаи чархиосиётарошӣ, палави гӯштимурғнок, офтоби саридеворӣ, таоми нисфирӯзӣ, чилбури пашмибузӣ.

Пас аз он милтиқдорон ду дасти як бандиро бо чилбури пашмибузӣ маҳкам бастанд (С. Айнӣ, Ғуломон). Дар зери айвонча як дӯкончаи чархиосиётарошӣ буд (С. Айнӣ, Ёддоштҳо). Ош иборат аз палави гӯштимурғноки серравғани балаззат буд (С. Айнӣ, Ёддоштҳо). Дар сояи ин офтоби саридеворӣ пеши пои худро дида метавонед (С. Айнӣ, Дохунда). Шарбати як ҷуфт дегчаи аз ҳама охирин ва аз ҳама хурдтар ғафс шуда, дар вақти ҷӯшиш бар худ ҳубобчаҳои чашмимурғӣ пайдо кардан гирифт (С. Айнӣ, Ёддоштҳо).

  1. БА ВОСИТАИ КАЛИМАҲОИ ТАРКИБӢ

Сифатҳое, ки зиёда аз як калимаро дар бар гирифта, дар имло ҷудо навишта мешаванд, ба гурӯҳи сифатҳои таркибӣ дохил мешаванд: муваффақиятҳои нав ба нав, зарбаҳои пай дар пай, мӯи чин ба чин, суханони пой дар ҳаво, роҳи печ дар печ, ҷангҳои тан ба тан ва м. ин.

Як гурӯҳи сифатҳои таркибӣ аз сифатҳои мураккаб бо роҳи иловаи калима ҳамчун муайянкунандаи ҷузъи якум ба вуҷуд меоянд: заводи ордендор (мураккаб), заводи ордени Лениндор (таркибӣ), колхози байрақдор (мураккаб), колхози байрақи сурхдор (таркибӣ). Монанди ҳамин: одамони яроқи чарминдор, одами саллаву ҷомапӯш, театри ордени Байрақи Сурхи Меҳнатдор ва ҳоказо. Ин хона ёздаҳболори даҳлезу мадондор буд (С. Айнӣ, Ёддоштҳо).

Гурӯҳи дигари сифатҳои таркибӣ аз сифатҳои нисбии бо ҳам омада ташкил меёбанд. Корҳои оммавӣ-сиёсӣ, ташкилӣ-партиявӣ, ҳаракати миллӣ-озодихоҳӣ, муассисаҳои маданӣ-равшаннамӣ, хизмати маданӣ-маишӣ, луғати русӣ-тоҷикӣ.

Дар бобати ба ҷо овардани хизмати маданӣ-маишӣ як қатор тадбирҳо андешида шуд (Газ. «Тоҷикистони советӣ»). Кори китобхонаҳо, муассисаҳои маданӣ-равшаннамӣ беҳтар гардид (Газ. «Тоҷикистони советӣ»).

ШУМОРА

ШУМОРА ҲАМЧУН ҲИССАИ НУТҚ

Шумора яке аз ҳиссаҳои номии нутқ буда, миқдор ва тартиби предметҳоро бо адад ифода менамояд ва инчунин ададҳои беномро номбар мекунад: Панҷ китоб, чорсаду бисту

пешина
аз 457
навбатӣ