Забони адабии ҳозираи тоҷик (Қисми 1)

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши лексикология, фонетика ва морфологияи забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 457 саҳифа
панҷ рӯзи меҳнат, панҷум, сеюм, ҳашт ба ду тақсим мешавад.
Ададҳои беном (абстракт) одатан дар ифодаҳои математикӣ кор фармуда мешаванд.
Шумораҳо калимаҳои мустақилмаъноянд. Шумораҳо, пеш аз ҳама, номи ададҳои алоҳида (абстракт) мебошанд. Агар онҳо бо исм оянд, миқдори конкретро мефаҳмонанд.
Дар забони тоҷикӣ калимаҳое ҳастанд, ки ададро ифода накунанд ҳам, то андозае миқдори предметро мефаҳмонанд. Ин қабил калимаҳо аз ҳиссаҳои гуногуни нутқ ташаккул меёбанд. Масалан, дар ифодаҳои аксарият розӣ, ақалияти, онҳо — калимаҳои аксарият ва ақалият миқдорро мефаҳмонанд, вале онҳо шумора набуда, исм мебошанд (ба саволи кӣ ҷавоб мешаванд). Инчунин калимаҳои чанд, ҳамон қадар, ки ҷонишин ҳастанд, дар ибораи чанд китоб, ҳамон қадар китоб миқдори предметро ифода мекунанд, андак, бисёр ва ғайра, ки зарф ҳастанд, миқдори предметро фаҳмонда метавонанд. Бо вуҷуди ин калимаҳои мазкур шумора шуда наметавонанд, зеро шумора аз адад ба вуҷуд меояд.
Калимаҳои ададӣ, яъне калимаҳои аз адад бавуҷудомада ҳам ҳастанд, вале ба сабаби он ки шумораро ифода намекунанд, ба ин ҳиссаи нутқ дохил намешаванд. Масалан, ду-ду, дутой, сетой-сетой, ягон-ягон — зарф буда, дар ҷумлаҳои «Аҳмад имрӯз панҷ гирифт», «рақами чорро нависем» — панҷ ва чор исм шуда омадаанд.
Адад, шумурданро одамон худ аз худ фикр карда набаровардаанд, мафҳуми адад ва шумурдан дар зиндагонии иҷтимоии инсон пайдо шуда, дар майнаи одамон инъикос ёфтааст: мафҳуми адад ва шумора ба майнаи одамон аз ҳаёт даромадааст. Оид ба ин масъала Ф. Энгельс гуфтааст: «Мафҳумҳои адад ва фигураҳо аз ҷои номаълуме не, балки аз худи дунёи воқеӣ гирифта шудаанд. Даҳ ангушт, ки одамон бо ёрии онҳо шумурдан, яъне нахустин амалиёти арифметикиро меомӯхтанд, ба ҳама ҳол фақат маҳсули эҷоди озоди ақл намебошанд»1.
Ҳамаи калимаҳое, ки шумораро дар бар мегиранд, калимаҳои мустақилмаъно мебошанд, аммо дар забони ҳозираи мо онҳо хеле абстракт шуда рафтаанд. Масалан, ададҳо ба мо танҳо дар бораи миқдорҳо мафҳумҳои умумиро мефаҳмонанд ва халос, то ба онҳо номи предметҳоро ҳамроҳ накунем, чунончи, даҳ қадам, бист сол нагӯем, ададҳо маънии конкретӣ намегиранд.
Шумораҳои асосӣ дар забони ҳозираи тоҷик зиёд нестанд. Ҳамаи шумораҳо — то миллиард (999, 999, 999)-ро фақат бо бисту як калимаи решагӣ ифода кардан мумкин аст:
1 Ф. Энгельс. Анти-Дюринг, 1950, саҳ. 37.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё