Зеҳн
Забони адабии ҳозираи тоҷик (Қисми 1)

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши лексикология, фонетика ва морфологияи забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 457 саҳифа

МаорифТаҳсилот
Аз аввал хондан

шумурдашаванда баъд аз шумора ва гоҳо пеш аз он ҳам меояд. Вақте ки шумораи аслӣ ва шумораи касрӣ пайванд мешаванд, предмети шумурдашаванда метавонад баъд аз шумораи аслӣ ояд.

...Чанд ҳафта парид ин Анқо?
— Гуфт: — Парид ин уқоби азим
Ҳафта не, рӯз не, ду соату ним.
(Мактуби халқи тоҷик)

Ин ҳолат дар забони тоҷикӣ танҳо дар шеър вомехӯрад.

  1. Шумораи тартибӣ

Шумораи тартибӣ тартиби предметҳоро бо адад ифода мекунад.

Шумораи тартибӣ аз шумораи аслӣ ба воситаи суффикси -ум (-умин) сохта мешавад.

Дар рӯзҳои панҷум, шашум, ҳафтум ва ҳаштуми март... дар даруни арк ҳам ҷои холӣ намонд (С. Айнӣ, Асарҳои мунтахаб). Соли сию якум ба Вахш кӯчида омадем (С. Улуғзода, Навобод). Лекин тири дуюми муаллим, ки дарҳол, пас аз тири якум баромада буд, Мансурбойро аз по афтонд (Ҷ. Икромӣ, Шодӣ). Дар гӯшаи аз ҳама дуртари хона, назди печка панҷумин иштироккунандаи маҷлис Ҳошим-корвон ҷойгир буд (С. Улуғзода, Навобод).

Шумораҳои тартибӣ бештар пас аз предмети шумурдашаванда меоянд.

Одатан, шумораи тартибӣ бо суффикси -ум сохта мешавад ва гоҳо суффикси сифатсози -ин-ро низ қабул мекунад.

Баъзан барои таъкид ва обуранги услубӣ суффикси шумораи тартибӣ (-ум) афтида мемонад.

Дар 22 моҳи октябри соли 1918 дар ҳавои Тошкент як хунукии аз одат берун рӯй дод (С. Айнӣ, Асарҳои мунтахаб). Рӯзи 29 апрели соли 1931 Рашидов якка ва танҳо қишлоқҳоро дида-дида, ниҳоят, ба қишлоқи Гулистон омада расид (Ҷ. Икромӣ, Шодӣ).

Гоҳо предмети шумораи тартибӣ (шумурдашаванда) меафтад, аммо вай аз матн маълум мегардад.

Ҳодисаҳои 28—29-ро аз сар гузаронида истода, дар ин ҷо ҳам хато хӯрдан, албатта, аз камсаводӣ аст (Ҷ. Икромӣ, Шодӣ).

Дар мисоли боло на танҳо предмети шумурдашаванда афтидааст, балки калимаҳои 1928—1929 низ ихтисор шуда, 28—

1 Шумораи тартибӣ дар хат бо рақамҳои римӣ ояд, бе-ум (-умин) навишта мешавад, аммо дар хондани рақамҳои римӣ — умро ҳамроҳ карда мехонанд. Масалан, съезди XX-ро дар хондан съезди бистум мехонанд.

пешина
аз 457
навбатӣ