Забони адабии ҳозираи тоҷик (Қисми 1)

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши лексикология, фонетика ва морфологияи забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 457 саҳифа
29 шудаанд, ки аз матн маънои даркорӣ фаҳмида мешавад.
Шумораҳои тартибӣ бо тарзҳои гуногун (пурра, нопурра, бо-ум ва бе-ум) такрор ёфта, шумораҳои тартибии тахминӣ ва ё шумораҳои тартибии чида ба вуҷуд меоваранд.
Агар шумо дар мавсими кори солҳои 1915—1916 ба он завод меомадед, дар охири сафи ин меҳнатрӯзиён як ҷавони 18—19-соларо медиед, ки либосашро аз тан кашида... (С. Айнӣ, Асарҳои мунтахаб). Ана ҳисоб кунед, аз солҳои 1927— 1928, ки вай 7—8-сола буд, чанд сол гузаштааст (Ф. Ниёзӣ, Вафо).
Калимаи аввал арабӣ буда, тоҷикии он нахуст, якум аст. Дар забони мо калимаи мазкур ба чанд маъни, аз он ҷумла ба ҷои шумораи тартибии якум низ ба кор бурда мешавад.
Ман рафта, мувофиқи одат, аввал бо одами пешгоҳнишин вохӯрдӣ кардам, дуюм бо бинипучуқ, сеюм бо камонбинӣ (С. Айнӣ, Марги судхӯр).
Агар шумораи тартибӣ суффикси -ин-ро гирад, одатан, пеш аз предмети шумурдашаванда меояд:
Дафъаи аввалин дар интернат
Мо китоби саводро дидем,
Аввалин бор номи Ленинро
Аз алифбои хеш бишнидем.
(Турсунзода)
Даҳ сол пеш аз ин ман аз забони аввалин устоди худам Иваницкий номи Ленинро дар ин ҷо шунида будам (Р. Ҷалил, Одамони ҷовид).
Аз шумораҳои тартибӣ, ки суффикси -ин доранд, гоҳо н меафтад. Ба ҷои якумин — якумӣ, даҳумин — даҳумӣ, ба ҷои аввалин — аввалӣ мегӯянд.
Инженер аз ин суханҳо ва аз он шаҳодатномаи расмӣ фаҳмидааст, ки ақли ин одам халалдор нест, яъне девона нест, бинобар ин, ӯ саволи аввалиашро бо оҳанги ҷиддӣ ва таъбирҳои дигар такрор кардааст (С. Айнӣ, Ёддоштҳо). Ин ҳолро дида, ҳама ҷангарагон ягон-ягон ба тарафи кӯҳнадӯзҳо давида аз сари кори онҳо яке кӯба, дигаре болга, сеюмӣ анбӯр, чорумӣ шони мӯза ва маҳсиро кашида гирифта ҷангро давом доданд (С. Айнӣ, Ёддоштҳо).
Шумораҳои тартибии дуюм, сеюм ба шакли дуввум, саввум низ ба кор бурда мешавад.
ҶОНИШИН
МАФҲУМИ ҶОНИШИН
Ҷонишин ҳиссаи мустақили нутқ буда, предмет, аломат ва миқдори онҳоро далолат менамояд, вале худи онҳоро номбар

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё