Зеҳн
Забони адабии ҳозираи тоҷик (Қисми 1)

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши лексикология, фонетика ва морфологияи забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 457 саҳифа

МаорифТаҳсилот
Аз аввал хондан

Ман метавонам гӯям, ки материалҳои муҳими адабии удро аз он ҳавлӣ ҷамъ кардам (С. Айнӣ, Куллиёт).

Кунун ман худ бигӯям кӯдаконро,
Ҳикоятҳои ғамноки ҷаҳонро.
(М. Турсунзода, Қиссаи Ҳиндустон)

Дар соли 1890 ман ҳамроҳи акаи худ барои хондан ба Бухоро омадам (С. Айнӣ, Ёддоштҳо). Ман дар ҳақиқат ба шумо некӣ кардани ҳастам (С. Улуғзода, Субҳи ҷавонии мо).
Агар ҷонишини ман дар ҷумла бо пасоянди -ро ояд, аз охири он аксар вақт овози н меафтад:
Ӯ маро ба омадан аз дунболи худаш ишорат карда, худ ба роҳаш давом намуд (С. Айнӣ, Ёддоштҳо). Аскари сурх падари маро пурсид (С. Улуғзода, Субҳи ҷавонии мо). Маро бубахш, ки дарҳол гапро аз ин фоҷиаҳо сар кардам (Ф. Ниёзӣ, Ҳиссае аз қиссаҳои ҷанг).
Ҷонишини ман чун исмҳо бо изофа омада муайянкунанда қабул мекунад: мани бечора, мани мискин, мани бекасу кӯй.
...мани кӯдак дар худи ҳамон вақт бисёр чизҳоро ёд гирифтам (Ҳ. Карим, Ҳикояҳо). ...вай барои мани аз ватан дурафтода тасаллои дили ҳиҷронзада мешавад (С. Айнӣ, Куллиёт).
Ҷонишини мо гурӯҳи одамонро мефаҳмонад, ки ба он шахси якум ва дуюм ҳам дохил аст:
Мо ба деҳа бо роҳи давродавр рафтанӣ шудем (С. Улуғзода, Субҳи ҷавонии мо). Мо як ҳафта ҳар шаб базму зиёфат ташкил кардем (С. Айнӣ, Ёддоштҳо).
Ҷонишини мо дар шакли «моён» ва «моҳо» ҳам кор фармуда мешавад: Ҷавонони тарафи моён ба падарам мегуфтанд (С. Айнӣ, Куллиёт). Моёнро мудири мактаб ва муаллимон пешвоз гирифтанд (С. Улуғзода, Субҳи ҷавонии мо).
Ҷонишини мо дар сӯҳбат баъзан ба ҷои ман низ истеъмол мешавад.
Ба тали Чинор баромада дид, ки Вера ва Шодигул ба тарафи вай омада истодаанд.
— Шумо дар куҷо будед? — хурсанд шуда гуфт Вера.— Мою Шодигул хавотир кашида, ба кофтукови Шумо рафта истода будем.
— Барои чӣ маро пеш мекунед, Шодигул? Наход ки мою шумо... ҳеҷ гапи мегуфтагӣ надошта бошем (С. Улуғзода, Навобод). Ҳеҷ касро шарик нагирам, туро шарик мегирам, охир мову ту ошной дерина-ку (С. Улуғзода, Навобод).
Ҷонишини ту шахси дуюми танҳо — шунаванда аст, ки ба он муроҷиат карда мешавад:
Ту хавотир нашаҳ. Ба мо ҳеҷ гап намешавад (Р. Ҷалил,

пешина
аз 457
навбатӣ