Забони адабии ҳозираи тоҷик (Қисми 1)

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши лексикология, фонетика ва морфологияи забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 457 саҳифа
Шӯроб). Ту бояд хуб фаҳмӣ, ки... ҳамаи роҳҳои фронт охир бечунучаро моро ба Берлин меоваранд (Ф. Ниёзӣ, Вафо).
Ҷонишини шахси дуюми ҷамъ — шумо (шумоҳо, шумоён) касони зиёдеро мефаҳмонад ва дар мавриди муроҷиат ба кор бурда мешавад.
Шумо меҳмони маро зада бар хок афкандед... (С. Улуғзода, Субҳи ҷавонии мо). Ҳо, Шумо муаллимонед, лекин муаллимони оянда... Шумоён дар ин ҷо маълумоти нағз мегиред (С. Улуғзода, Субҳи ҷавонии мо). Ҳамаи шумоён хонашери майдонғариб (С. Айнӣ, Куллиёт). Таҷрибаи имсола нишон дод, ки ман барои дуи шумоҳо ҳарҷ карда наметавонам (С. Айнӣ, Куллиёт).
Ҷонишини шумо барои ҳурмат ба як кас ба ҷои ту низ истифода мешавад: Шумо дар ин хусус ба гапи ҳеҷ кас гӯш накунед, Шодигул, маслиҳати ман ба Шумо ҳамин (С. Улуғзода, Навобод). — Шумо бо падари ман дар куҷо чӣ гуна ҷӯра шуда будед? (С. Айнӣ, Куллиёт). Бисёр хуб, шумо имрӯз дар қатори мардикорон кор накунед, ман ба шумо як кори муносиби худатон мефармоям (С. Айнӣ, Ёддоштҳо).
Ҷонишинҳои шахси сеюми танҳо ва ҷамъ: ӯ, вай, онҳо, вайҳо, онон ҳам предмет ва ҳам шахсро далолат мекунанд.
Онҳо исмҳоро иваз карда метавонанд. Маънои ҷонишинҳои шахси сеюм назар ба ҷонишинҳои шахси якум ва дуюми танҳо ва ҷамъ хеле васеъ аст. Ин ҷонишинҳоро ҷонишинҳои шахсӣ-ишоратӣ низ мегӯянд. Ин ҷонишинҳо шахсе ва ё предметро мефаҳмонанд, ки ҳангоми гуфтугӯ бевосита ҳозир нест, бинобар ин онҳоро шахси ғоиб ҳам меноманд.
Пиразан ба коса боз об оварда ба ӯ дароз намуд (Р. Ҷалил, Шӯроб). Вай бо Николаев гап зада, Шариф ва Ҳаитро дар қаровулхонаи назди анбори ҳезум... ҷойгир кунонд (С. Улуғзода, Субҳи ҷавонии мо). Ӯ аз ин захираи тамомнашавандаи худ гавҳарҳои ноёбро шадда-шадда бароварда дар миён мегузошт (С. Айнӣ, Ёддоштҳо). Бо ҳамаи камсаводӣ ва бефарқиаш, агар гумон кунад, ки касе ӯро камсавод ё беҳие медонад, аз вай сахт меранҷид... (С. Айнӣ, Ёддоштҳо).
Шакли ҷамъи ҷонишинҳои шахси сеюм аз шакли танҳояшон бо ёрии суффикси -ҳо ва -он сохта мешавад: Дар миёни онҳо касоне буданд, ки ҳафт сол боз дар ин ҷо ҳабс шуда буданд (С. Айнӣ, Куллиёт). Онҳо сару либоси ӯро нав намуданд... (Р. Ҷалил, Шӯроб). Ба ҳамин тариқ, онҳо ба мошин наздик мешаванд ва шояд яке аз онон ба шофёр...
ба гуфтугӯ даромада бошад (Ф. Муҳаммадиев, Тири хокхӯрда).
Дар адабиёти классикӣ ва баъзан дар асарҳои ҳозираи бадеӣ барои ҷамъи одамон дар шахси сеюм ҷонишини эшон ба кор бурда мешавад, ки ҳоло дар забони гуфтугӯии мардум дар истеъмол нест:
Маҳол аст, ки ҳунармандон бимиранду беҳунарон ҷои эшон

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё