Зеҳн
Забони адабии ҳозираи тоҷик (Қисми 1)

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши лексикология, фонетика ва морфологияи забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 457 саҳифа

МаорифТаҳсилот
Аз аввал хондан

бигиранд (Саздӣ, Гулистон). Зотан, шунидан ва нашунидани абнои рӯзгор дарди дили бемори маро на барои моён ва на барои эшон аҳамият надорад (С. Айнӣ, Куллиёт).

Як фарқи муҳими ҷонишинҳои шахсӣ аз дигар ҷонишинҳо дар ин аст, ки онҳо бандакҷонишинҳои шахсӣ-соҳибиро қабул намекунанд.

Бандакҷонишинҳои шахсӣ-соҳибӣ

Бандакҷонишинҳои шахсӣ-соҳибӣ дорои маънои семантикӣ-грамматикӣ буда, ҳам соҳибият ва ҳам шахсро далолат мекунанд. Онҳо ба охири исмҳо ҳамроҳ шуда, ба кӣ ва ё кадом шахс тааллуқ доштани онро мефаҳмонанд.

Бандакҷонишинҳои шахсӣ-соҳибӣ се шахс ва ду шумора доранд.

Шахсҳо Танҳо Ҷамъ
шахси I -ам(-ям) -амон(-ямон)
шахси II -ат(-ят) -атон(-ятон)
шахси III -аш(-яш) -ашон(-яшон)

Меҳмони мардинаро падарам, амакам, бобои модариам, тағоиҳоям... «хуш омадед» мегуфтанд, меҳмонзанонро модарам, модаркалонам, занони тағоиҳоям ва зани амакам меҳмондорӣ мекарданд (С. Айнӣ, Ёддоштҳо). Падарам дар бораи деҳаамон ривоятҳои қадимиро нақл мекард (С. Улуғзода, Субҳи ҷавонии мо). Ҷомаатро кашу аз ин тараф ба болои кӯрпача гузашта нишаста ин газетаро ба диққат хон (Ф. Ниёзӣ, Вафо). Пушти падаратон ба замин расидагӣ не! — гуфта мемонд. Бобоятон пуштамро молида гуфтанд... Мо ӯро одатан дар суфачаи назди хонааш бо коре машғул медидем: вай ё досу каландашро сӯҳон мезад... ё ҷуволи даридаашро медӯхт (С. Улуғзода, Субҳи ҷавонии мо). Синаи ӯро сӯзише фаро гирифта, рагҳои гардану чакааш аз фишори сахти хун луққос зада, аъзои баданаш тафсида рафт (Ф. Ниёзӣ, Вафо). Тутҳои кӯча соҳиб надоштанд, меваи ширини онҳо хуриши паррандагон, пасмондааш насиби бачагон мешуд. Дос аз дасти падарам меафтад, сараш чарх зада, чашмонашро сиёҳӣ пахш мекунад... (С. Улуғзода, Субҳи ҷавонии мо).

Агар бандакҷонишинҳои шахсӣ-соҳибӣ бо исмҳо омада соҳибиятро ифода кунанд, онҳоро бо бандаки (и-) изофӣ ва ҷонишинҳои шахсӣ иваз намудан мумкин аст.

пешина
аз 457
навбатӣ