Забони адабии ҳозираи тоҷик (Қисми 1)

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши лексикология, фонетика ва морфологияи забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 457 саҳифа
Танҳо: китобам — китоби ман
китобат — китоби ту
китобаш — китоби ӯ
Ҷамъ: китобамон — китоби мо
китобатон — китоби шумо
китобашон — китоби онҳо
Вале бояд гуфт, ки дар ҷумла исмҳо гарчи бо бандакҷонишинҳои шахсӣ-соҳибӣ оянд ҳам, ҳамеша онҳоро бевосита бо -и (изофа) ва ҷонишини шахсии муродифи он иваз кардан мумкин аст. Масалан, дар мисолҳои зерин ин ҳолатро ба хубӣ мушоҳида кардан мумкин аст.
Қоратонро гӯед, шояд он хизмат аз дасти худам ояд (С. Айнӣ, Ёддоштҳо). Одил Саркор дар қатори дуюми аъзоёни ҳайати раёсат бепарво бо ҳамсояаш гапзанон менишаст (Ф. Ниёзӣ, Вафо). Мо ба осудаҳолӣ расида, аз зиндагониамон хушнуд будем (С. Улуғзода, Субҳи ҷавонии мо).
Дар ин маврид онҳоро бо и-и изофӣ ва ҷонишини нафсӣ-таъкидӣ иваз намудан мумкин аст.
Бандакҷонишинҳои шахсӣ-соҳибии шахси якум ва дуюм ба одамон тааллуқ доштани предметро мефаҳмонанд. Бандакҷонишини шахси-соҳибии шахси сеюм ғайр аз соҳибият маънои дигари грамматикӣ низ дорад ва соҳибияти ғайри одамонро низ далолат мекунад:
Хона равшан ва озода, дар тирезаҳояш пардаҳои сап-сафеди нафис кашидагӣ... фарши тахтагинаш ранг кардагӣ ва шаффоф буд (С. Улуғзода, Субҳи ҷавонии мо). Ҳамин хел одами бетолез будаам, ки ҳанӯз як ғаму ғуссаро фаромӯш пакарда дигараш аз гулӯям мегирад (Ф. Ниёзӣ, Вафо).
Бандакҷонишинҳои шахсӣ-соҳибӣ бо феълҳои гузаранда (дар шакли тасрифӣ) ва қисми номии феълҳо омада объекти амалро мефаҳмонанд:
Агар яке аз ин шартҳоро вайрон кунӣ, ҳамон соат мекушамат... (С. Айнӣ, Ёддоштҳо).
Гашт маълумам, ки меҳмон омадаст,
Меҳмон аз мулки Афғон омадаст.
(М. Турсунзода, Қиссаи Ҳиндустон)
Аз бандакҷонишинҳои шахсӣ-соҳибӣ баъзан садоноки «а» меафтад:
Сабзидану шукуфтани гулҳои орзут
Танҳо муяссар аст дар ин лолазори ман.
(М. Турсунзода, Ман аз Шарқи озод)
Равондагон, пас аз аз ташнагӣ халос кардани аспҳошон, боз ба роҳ даромаданд... (С. Айнӣ, Ғуломон). ... дигар талабагон

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё