Зеҳн
Забони адабии ҳозираи тоҷик (Қисми 1)

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши лексикология, фонетика ва морфологияи забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 457 саҳифа

МаорифТаҳсилот
Аз аввал хондан

ҳам аз ҳуҷраҳошон баромада нигарони шунидани беҳудагӯиҳои бой шуда истоданд (С. Айнӣ, Ёддоштҳо).

  1. Ҷонишини нафсӣ-таъкидӣ

Ҷонишини нафсӣ-таъкидии худ предметро муайян намуда, маънои онро таъкид мекунад ва муносибати шахсро нисбат ба худ мефаҳмонад. Ҷонишини нафсӣ-таъкидӣ ба ҳама предметҳо мансубият дорад. Агар ҷонишини мазкур бо бандакҷонишинҳо ояд, маънояш конкрет шуда, монанди ҷонишинҳои шахсӣ истифода мешавад.

Худам медонам, ки ба кӣ гуфтан даркор ва ба кӣ нагуфтан (С. Айнӣ, Ёддоштҳо). Ҳозир-ку худат чӣ хел хуб ба роҳ монда шудани чорводории колхозро ҳам аз газета хондӣ, боз чӣ мегӯй! (Ф. Ниёзӣ, Вафо). Резаворфурӯш худаш аслан ҳам одами суханбофу суханпардоз буд (С. Улуғзода, Субҳи ҷавонии мо). Рафиқ, худатон медонед, ки ман як деҳқони ранҷбар ҳастам, худам дар замини худ кор карда зиндагониамро як навъ мегузаронам (С. Айнӣ, Куллиёт).

Агар ҷонишини худ барои ифодаи таъкид ба кор бурда шавад, он гоҳ аксар пеш аз ҷонишинҳои дигар ва исмҳо омада бо онҳо ба воситаи бандаки изофӣ алоқаманд мешавад:

Худи ман ҳам мехостам, ки туро гирифта барам... (С. Улуғзода, Субҳи ҷавонии мо). Акнун худи шумо бо ман монанди ҳамон «мусулмонҳо» рафтор карда истодаед (С. Улуғзода, Субҳи ҷавонии мо). Худи Сафаров ҳам аз аввал то охири ҷанг разведкачӣ буд... (Ф. Муҳаммадиев, Тири хокхӯрда).

Ҷонишини худ соҳибиятро низ ифода мекунад. Дар ин мавриди ин ҷонишин пас аз исмҳо меояд:

Дар соли 1890 ман ҳамроҳи акаи худ барои хондан ба Бухоро омадам (С. Айнӣ, Ёддоштҳо). Маҳмуд ин вазифаи худро ҳам бо кӯшиши тамоми иҷро менамуд (С. Улуғзода, Субҳи ҷавонии мо). Муллоабдусалом... аз дарсҳои худаш ба талабаҳояш дар ҳуҷраи худ дарс медод (С. Айнӣ, Ёддоштҳо).

Ҷонишини худ бо суффикси -ҳо ҷамъ баста шуда, шахси бисёрро мефаҳмонад. Дар ин ҳолат ҳамеша бо бандакҷонишинҳои соҳибӣ-шахсии шакли ҷамъ меояд: худҳо, худҳомон, худҳотон, худҳошон:

Баъд аз як-ду соат роҳ рафтан одамони ҳукумат гурусна монданд, худҳошон нон хӯрданд ва аспҳошонро ба алаф мондаӣ шуданд (С. Айнӣ, Куллиёт). Модоме ки аҳли колхоз — худҳотон маро ба сари кор гузоштаед, — гуфт мӯйсафед... (Ч. Икромӣ, Шодӣ).

Дар адабиёти классикӣ ва назми имрӯза калимаҳои хеш ва хештан ба маъно ва вазифаҳои грамматикии ҷонишини худ ба кор бурда мешавад:

пешина
аз 457
навбатӣ