Забони адабии ҳозираи тоҷик (Қисми 1)

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши лексикология, фонетика ва морфологияи забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 457 саҳифа
Агар мардӣ, ҳимоят кун ватанро,
Бихар бо хун гуноҳи хештанро.
(А. Лоҳутӣ)
Осиёро ман ба чашми хештан санҷидаам,
Чеҳраи ҳандони фарзандони онро дидаам.
(М. Турсунзода, Садои Осиё)
- Ҷонишинҳои саволӣ
Ҷонишинҳои кӣ (киҳо), чӣ (чиҳо), кадом, чӣ гуна, чӣ хел, чӣ навъ, чанд, чӣ қадар ҷонишинҳои саволӣ буда, ба воситаи онҳо предмет, аломат ва миқдори он пурсида мешавад:
Ӯ аз кӣ чӣ харидааст ва ба кӣ чӣ фурӯхтааст, дар ин дафтар буд (С. Айнӣ, Ёддоштҳо). Дар Тошкент чӣ қадар пул кор кардед? Ба мо чӣ савғотиҳо овардед? (С. Улуғзода, Субҳи ҷавонии мо). Онҳо ҳар рӯз ба ким-куҷоҳо мерафтанд ва шаб дар хона бо кадом роҳ ва чӣ гуна ба деҳа баргаштанро муҳокима менамуданд... (С. Улуғзода, Субҳи ҷавонии мо).
Ин ҷонишинҳо дар ҷумлаҳои саволӣ предмет ва аломати конкрети онро далолат намекунанд. Предмет ва аломати он танҳо дар гуфтугӯи ҳамсӯҳбатон муайян мегардад:
— Вай кист ва онҳо киёнанд?
— Вай Зайнаби бистудусола... аст, ки аз шаҳр омадааст (Ҷ. Икромӣ, Ман гунаҳгорам).
— Ту кистӣ? — пурсид Степанов.
— Соҳиби ҳамин хона, — ҷавоб дод писарак.
— Дар хонаат кӣ ҳаст? — савол дод Ермаков.
— Одамон.
— Чӣ хел одамон?
— Одамоне, ки ба марг ҳукм шудаанд...— гуфт писарак.
— Номат чист, ба чанд даромадӣ?
— Номам Дима, ба чордаҳ даромадам.
— Номи ту чӣ, духтарча?
— Наташа.
— Ин ба ту кӣ мешавад?
— Ин робитачии ман аст,— ҷавоб дод писарак (Ф. Ниёзӣ, Вафо).
Ҷонишини кӣ дар пурсидани одамон ба кор бурда шуда, бо ёрии ҷонишини чӣ? тамоми предметҳои дигар пурсида мешавад. Ҷонишинҳои кӣ ва чӣ инчунин шакли ҷамъ доранд: киҳо, чиҳо.
— Охир, ман ба он ҷо ба пеши кӣ меравам ва киҳоро гирифта меорам? — гуфтам дар тааҷҷуб (С. Айнӣ, Марги судхӯр). Манигар, кӣ мегӯяд, бинигар, ки чӣ мегӯяд (фольклор). Аммо андешаи он, ки дар хонаи тарафи рост кӣ ва чӣ бошад,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё