Зеҳн
Забони адабии ҳозираи тоҷик (Қисми 1)

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши лексикология, фонетика ва морфологияи забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 457 саҳифа

МаорифТаҳсилот
Аз аввал хондан

ӯро бетоқат мекард (Ф. Ниёзӣ, Вафо). — Гӯй ба ман, ки киҳо ин ҳама шӯру ғавғоро барпо карданд? (С. Айнӣ, Асарҳои мунтахаб). — Шумо ба воситаи ин ба ман чӣҳо гуфта фиристода будед? (С. Айнӣ, Ёддоштҳо).

Ҷонишини чӣ инчунин барои пурсидани аломати предмет низ ба кор бурда мешавад. Дар ин мавриди ин ҷонишин ба маънои «чӣ гуна» меояд:

Ба сари шумо чӣ балоҳоро оварданд... (С. Айнӣ, Куллиёт). Ба уламои расмӣ ба чӣ чашм назар кардани Азиз аз байти зерин маълум аст... (С. Айнӣ, Ёддоштҳо). Чӣ қадамҳои нағз гуфта шуданд (Р. Ҷалил, Шикасти тилисмот). Чӣ гап будааст? (Ҷ. Икромӣ, Ман гунаҳгорам).

Ҷонишини чӣ дар ҷумла барои ифодаи аломати номуайянии предмет, дараҷаи он ва дар ҷумлаҳои хитобӣ барои ифодаи ҳиссиёт низ ба кор бурда мешавад:

Пиразан чашмони худро молидаю пичирроззанон чӣ чизро хонда рӯяшро ба тарафи дарича тофт (Р. Ҷалил, Шикасти тилисмот). Духтар... бо чӣ хаёле ҳамон рӯз... ба хонаи тағояш рафта будааст (Ҳ. Карим, Ҳикояҳо). Чашмони калон... дошт, ситорааш гарм буд ва бо чӣ як хислаташ зуд ба шумо маъқул мешуд (Ҷ. Икромӣ, Ман гунаҳгорам). Ӯ суханони аз рассомону расмшиносон шунидаву ёд кардаашро такрор намуд: — Чӣ обу ранги дилфириб! Чӣ мувофиқати дилпазиронаи рангуборҳо (Р. Ҷалил, Шикасти тилисмот). Ӯро баъд занаш ҳамон вақт меёбад, ки одами чию кори чӣ! (Р. Ҷалил, Шикасти тилисмот).

Ҷонишинҳои саволии кӣ ва чӣ бо бандаки хабарии «аст» мавриди афтидани садоноки «а» якҷоя навишта мешаванд:

Гар надонӣ, ки ёвари ту кист?
Чун граждан ҳуқуқҳои ту чист?

(М. Турсунзода, Қиссаи Ҳиндустон)

Аз ҷонишини саволии чӣ ва калимаҳои гуна, хел, тавр, навъ, сон ҷонишинҳои таркибии чӣ гуна, чӣ хел, чӣ навъ, чӣ сон, чӣ қадар сохта мешаванд, ки онҳо барои пурсидани аломати предмет, миқдори он ва аломати амал ба кор бурда мешаванд:

Тандурустӣ ва боғайратии Бобиро дида, Шаҳидов аз чӣ гуна оила ва аз кадом қишлоқ будани ӯро пурсид (Ҳ. Карим, Ҳикояҳо). Баҳр мешӯраду намедонад, ки чӣ гуна таронае хонад (М. Турсунзода, Қиссаи Ҳиндустон). — Чӣ хел ту солдати босаришта, офарин (Ф. Ниёзӣ, Вафо). Ҳой, бародар, ту ин қадар бори вазнинро чӣ тавр мебардорӣ (Р. Ҷалил, Шӯроб)? Чӣ қадар фурӯзону тобон, чӣ андоза пурлатофату тароват... (Р. Ҷалил, Шикасти тилисмот).

Ҷонишини саволии кадом (кадомин) нисбат ба дигар ҷонишинҳои саволӣ маънои васеътар дорад. Вай ҳам предметҳо

пешина
аз 457
навбатӣ