Забони адабии ҳозираи тоҷик (Қисми 1)

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши лексикология, фонетика ва морфологияи забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 457 саҳифа
ва ҳам аломати онҳоро далолат мекунад. Онро барои муайян намудани предмет аз ҳамҷинсҳояшон ва ё аломати он кор мефармоянд: Ҳавлии ӯ дар кадом гузар ва дар кадом кӯча будааст? — гуфта пурсидам (С. Айнӣ, Марги судхӯр).
Намедонам кадом қувва маро ба сари чашма бурд (С. Улуғзода, Субҳи ҷавонии мо). Кадом маҳбуб мемондааст, ки маҳбубаи ҷон баробарашро озор диҳанд (Ҳ. Карим, Оқшуда).
Кадомин боз тарсад аз ғуробе,
Кадом оташ бигирад роҳи обе?
(М. Турсунзода, Ман аз Шарқи озод).
Ҷонишини кадом барои ифодаи аломати номуайянии предмет низ ба кор бурда мешавад:
Мегуфтанд, ки... падари вай бо зани дуюмаш дар кадом деҳаи дуре зиндагӣ мекард... (С. Улуғзода, Субҳи ҷавонии мо). Кадом маъзуле, ки аз дунболи амир бе рухсати махсуси ӯ наравад, гунаҳгори азим ба шумор мерафт... (С. Айнӣ, Ёддоштҳо). ... кадом китобе, ки ба дасташон афтад, шаррос зада хонда рафтан мегирифтанд... (С. Улуғзода, Субҳи ҷавонии мо).
Ҷонишини саволии чанд ва чӣ қадар барои пурсидани миқдори предмет ба кор бурда шуда, инчунин миқдори номуайяни предметҳоро далолат мекунанд:
— Ту аввали шаб чанд пул доштӣ? — ба ҳисоби якҷоя даромаданд (С. Айнӣ, Асарҳои мунтахаб). Чанд гурӯҳ меҳмонони дигар ҳам омада ош хӯрда рафтанд (С. Айнӣ, Марги судхӯр).— Соли гузашта чӣ қадар ҳосил додед? (С. Улуғзода, Навобод).
- Ҷонишинҳои ишоратӣ
Ҷонишинҳои ишоратӣ ба предмет ва ё аломати исм ишора мекунанд. Ҷонишинҳои ишоратӣ инҳоянд: ин, он, ҳамин, ҳамон, чунин, чунон, ин хел, ин гуна, он ғуна, ин тавр, ҳамин хел, ҳамин гуна, ин қадар, он қадар.
Ба ин оину ин расми хабисӣ
Чаро розист лорди англисӣ.
(М. Турсунзода, Қиссаи Ҳиндустон)
Ин гуна шаҳри чашмасорро ман ҳеҷ надидаам... (С. Айнӣ, Куллиёт). Аз ҳамин рӯз сар карда одамҳо ӯро Қурбон-самаҳрон мегуфтагӣ шуданд (С. Улуғзода, Субҳи ҷавонии мо).
Ҷонишини ин ва он ба предмет ишора мекунад ва барои ҷудо кардани предмете аз ҳамҷинсонаш кор фармуда мешавад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё