Забони адабии ҳозираи тоҷик (Қисми 1)

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши лексикология, фонетика ва морфологияи забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 457 саҳифа
Ҷонишини ин барои ишораи предмете ба кор бурда мешавад, ки он дар пеши чашми бинанда аст ва ё он предмети маълум мебошад.
Ин одамҳо ба ту чӣ даркорӣ доранд? (Ҷ. Икромӣ, Ман гунаҳгорам). Ин хаёлҳои талху ширин, ин гумонҳои неку бад ва ин васвасаҳои пурташвиш Одинаи бехонумонро ором намегузошт (С. Айнӣ, Кӯллиёт).
Ҷонишини ҳамин аз ҷиҳати маъно ва функция ба ҷонишини ин наздик аст, вале он ишораи предметҳои наздикро бештар таъкид мекунад:
Туро лозим буд, ки ана, бо ҳамин одам алоқа бандӣ (С. Улуғзода, Навобод). Вай бо ҳамин фикр... нӯг-нӯги по қадам монда омад (Р. Ҷалил, Шикасти тилисмот).
Ҷонишини он ва ҳамон барои ишораи предметҳои аз назари бинанда дур ба кор бурда мешавад:
Лекин ду-се рӯзи тоқатфарсо мегузараду он ҳама пӯписаи падар ва панди модар аз ёд меравад (Р. Ҷалил, Шикасти тилисмот). Аз он тараф овози дутор ба гӯш мерасад (Ҷ. Икромӣ, Ман гунаҳгорам).
... Боз ҳамон моҳу ҳамон осмон,
Боз ҳамон зинати Ҳиндустон.
(М. Турсунзода, Қиссаи Ҳиндустон).
Ҷонишини шахсии вай ба маъно ва вазифаи ҷонишини он низ ба кор бурда мешавад:
Ман бачаи дар кӯча мондагӣ надорам, ки ба даргоҳи вай мумсик фиристам (Ҷ. Икромӣ, Духтари оташ).
Аз ҷонишинҳои ин, он, ҳамин, ҳамон ва исмҳои хел, гуна, сон, тавр, навъ ҷонишинҳои таркибӣ сохта мешаванд. Онҳо предметеро далолат мекунанд, ки монандӣ он зикр шуда бошад: ин хел, он хел, он гуна, ин гуна, он сон, ин сон, ҳамин хел, ҳамон хел, ҳамин гуна, ҳамон гуна, ин тавр, он тавр ва ғайра.
Инҳо ҷонишинҳои ишоратии сифатӣ мебошанд: Ғам нахӯред... ман ба шумо ҳамин хел чӯб медиҳам, ки устои ҳунарманд аз вай қаср... месозад (С. Улуғзода, Навобод). Ин хел ҳодисаро то ин вақт ҳеҷ кас надидааст... (Р. Ҷалил, Шикасти тилисмот). Ҳеҷ гумон накарда будам, ки хоҳарони зебои гуландом дар ҳамин гуна кулбаи гадоёна зиндагӣ кунанд (С. Улуғзода, Субҳи ҷавонии мо). Ин гуна анҷоми кор ба хаёлаш ҳеҷ наомада буд (Ҳ. Карим, Ҳикояҳо). Нур Носирович, дар ҳамин хел як рӯзи офтобии истироҳат дар дӯконҳои заҳ чӣ кор мекунед? (Р. Ҷалил, Шикасти тилисмот). Агарчи ин суханҳо он гуна суханҳо буданд... боз аз шунидан дилгир намешуд (С. Айнӣ, Қуллиёт). Дигар мо ба он тавр саҳву хатоҳо роҳ намедиҳем (Ҷ. Икромӣ, Ман гунаҳгорам).

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё