Зеҳн
Забони адабии ҳозираи тоҷик (Қисми 1)

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши лексикология, фонетика ва морфологияи забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 457 саҳифа

ТаҳсилотМаориф
Аз аввал хондан

Ошиқи заҳмат туй, Лоҳутӣ, ин сон ишқро
Кас надод аз Вомиқу Маҷнуну аз Фарҳод ҳам.
(А. Лоҳутӣ, Куллиёт)

Ҷонишини чунин ва чунон ба таври умумӣ предметеро ишора мекунад, ки монандӣ он пештар зикр шудааст, ё он предмети маълум аст:

Навбати бадарғакунии онҳо мерасид, ки ин нуқтаи баланди чунин кори муҳим ва заруре буд (Р. Ҷалил, Шӯроб).

Ҳеҷ надидӣ ту чунин чормағз,
Ҳеҷ бад-ин сон ананасҳои нағз.
Пас ҳама нӯшем, рафиқон, шароб
Баҳри чунин одами олиҷаноб.
(М. Турсунзода, Қиссаи Ҳиндустон)

Набудани чунин шахсоне, ки дӯсти ҷонии аҳли ин оила будани онҳоро медонистанд, ҷамъомадагонро дар ҳайрат мегузошт (Р. Ҷалил, Шӯроб). Аммо чунин ҳодисае ба худи ӯ рӯй дод (С. Улуғзода, Навобод). Амакам ба талвоса афтод, ман ҳам инчунин (С. Улуғзода, Субҳи ҷавонии мо).

Ҷонишини чунон ба дараҷаи зиёди ягон сифат, ҳолат, ки бо исм ё сифат ифода гардидааст, далолат мекунад:

Инҳо масти шароби комёбиҳои колхозӣ буданд, аммо чунон масте, ки аз комёбиҳои худ саргаранг гардидаанд (С. Айнӣ, Куллиёт). Ҳозир бошад, чунон марди камгапи ботамкин... шудааст, ки тамоман ба пештарааш монандӣ надорад (Ф. Ниёзӣ, Вафо). Ҳуҷрачаи ӯ чунон танг буд, ки фақат ду нафар талаба дар он ҷо нишаста дарс хонда метавонист (С. Айнӣ, Ёддоштҳо).

Ҷонишинҳои ин қадар, он қадар, ҳамин қадар, ҳамон қадар барои ишораи миқдори предметҳо хизмат мекунанд. Инҳо ҷонишинҳои ишоратии миқдорӣ мебошанд.

Ҳеҷ кас дар ин солу моҳи наздик дар ин ҷоҳо ин қадар одами бисёр ва ин гуна маъракаро надида буд (Ф. Ниёзӣ, Вафо). Ин сухани охирини падарам маро чунон азоб дод, ки агар сад химча мезад, ин қадар азоб намедод (С. Айнӣ, Ёддоштҳо).

  1. Ҷонишинҳои таъинӣ

Ҷонишинҳои таъинӣ калимаҳои зерин мебошанд: ҳама, ҳар (ҳар кӣ, ҳар чӣ, ҳар як, ҳар кас, ҳар кадом, ҳама гуна, ҳар гуна). Ин ҷонишинҳо аломати предметро ба таври умумӣ таъин мекунанд:

Халқи кӯҳистонро гуфтан мумкин аст, ки зану мард қариб

пешина
аз 457
навбатӣ