Зеҳн
Забони адабии ҳозираи тоҷик (Қисми 1)

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши лексикология, фонетика ва морфологияи забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 457 саҳифа

МаорифТаҳсилот
Аз аввал хондан

ҳама шоир, ҳама созанда, ҳама навозанда, ҳама хонанда ва ҳама раққосанд (С. Айнӣ, Куллиёт). Бо ҳамин тариқа вай ҳар рӯз ба ман аз китоби алифбо сабақи нав медод ва дафтарамро медид. Ҳар як сабақи нав аз шиносондани якчанд ҳарф иборат буд (С. Улуғзода, Субҳи ҷавонии мо).

Ҷонишини ҳама маънои ҷомеият дорад. Вай одатан маҷмӯи предметҳо ва фаро гирифтани тамоми ягон чизро нишон медиҳад.

Ман ҳамаи хонаҳо, ҳамаи заминҳо, ҳамаи боғҳо, ҳамаи дарахтҳо, ҳамаи одамҳои зинда, ҳатто мурдаи ин қишлоқро медонам (С. Айнӣ, Куллиёт).

Ҷонишини ҳама одатан пеш аз исмҳо меояд ва бо онҳо ба воситаи бандаки изофӣ (-и) ва бе он алоқа пайдо мекунад. Мисол: Ин ҳол ҳамаи деҳқононро ба тарафи колхоз кашид, ҳама ба ихтиёри худ ба колхоз даромаданд (С. Айнӣ, Куллиёт). Ман ба боло чашм андохтам, ки ҳамаи дарахтон аз баҷа пур буданд (С. Айнӣ, Куллиёт). Имсол барои Рустам ҳама чизи зимистонӣ тайёр буд (С. Айнӣ, Куллиёт).

Ҷонишини ҳама дар шакли «ҳамагӣ» низ кор фармуда мешавад. Қисми асосии биноҳои таърихии Ҳиндустон... ки ҳамагӣ аз санги мармар ва яшм сохта шудаанд, дар замони ҳамин ду подшоҳ сохта шудаанд (С. Айнӣ, Куллиёт).

Дар забони ҳозираи тоҷик калимаи «тамом» ба маъно ва вазифаи ҷонишини «ҳама» низ истеъмол мешавад: Тамоми ин корҳо бо ҷабру зулм ва бераҳмона истисмор карда шудани меҳнаткашони Ҳиндустон сурат мегирифт (С. Айнӣ, Куллиёт).

Ҷонишини ҳар ва шаклҳои таркибии он: ҳар кӣ (ҳар он кӣ), ҳар кас (ҳар он кас), ҳар чӣ (ҳар он чӣ), ҳар кадом, ҳар як, ҳар чиз, ки аз ҷонищину исм, аз ҷонишину шумора ва аз ҷонишин сохта шудаанд, аз ҷонишини «ҳама» аз ҷиҳати маъно фарқ доранд. Маънои луғавӣ ва грамматикаии «ҳар» дар алоҳидагӣ он қадар равшан нест. Ҷонишини ҳар одатан пеш аз исмҳо омада ягон предмети алоҳидаро нишон медиҳад.

Аз ин кор ҳар моҳ 100—200 танга меёбам (С. Айнӣ, Ёддоштҳо). Инҳо ба ҳар касу ҳар чиз як айб мондаю эрод нагиранд, хобашон намебарад (Р. Ҷалил, Шикасти тилисмот).

Ҷонишини ҳар як, ҳар кадом (ҳар кадоме) аз байни предметҳои ҳамҷинс предметҳои алоҳидаро нишон медиҳанд:

Ҳар як сухани ӯ дар бораи чингиламуям ба мани пирсол як қабат гӯшт меафзуд (Ҳ. Карим, Ҳикояҳо). Ҳозир ҳар кадоме яктоӣ пиёларо гирифта биист чой менӯшиданд (Ф. Муҳаммадиев, Тири хокхӯрда). ... Ҳар кадом аз рафиқон чизе барои зиёфат ваъда карданд (С. Айнӣ, Ёддоштҳо).

Сано гуфтам ба фарзанди ҷигарбанд,
Ба ҳар як модари дорои фарзанд.
(М. Тӯсунзода, Садои Осиё)

пешина
аз 457
навбатӣ