Зеҳн
Забони адабии ҳозираи тоҷик (Қисми 1)

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши лексикология, фонетика ва морфологияи забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 457 саҳифа

МаорифТаҳсилот
Аз аввал хондан

Ҷонишинҳои ҳар кадом ва ҳар як бо ҷонишинҳои шахсӣ (шумораи ҷамъ) дар алоқаи изофӣ меоянд ва шахси чандум будани предмет конкретар мешавад:
Ҳар кадоми мо ҳам ба қадри тавонистанамон муридонро ба фидои ҷону мол... далолат мекунем (С. Айнӣ, Ёддоштҳо).
Ба ҳар кадоми мо яктоӣ қаламу дафтари тоза доданд (С. Улуғзода, Субҳи ҷавонии мо). Бинобар ин дар мавридҳои муносиб аз ҳар кадоми онҳо дар бораи Аҳмад-махдум чизҳо мепурсидам (С. Айнӣ, Ёддоштҳо).
Ҷонишинҳои таъйинии ҳама, ҳар як, ҳар кадом бандакҷонишинҳои шахсӣ-соҳибӣ (бештар шакли ҷамъ) мегиранд ва ба ин восита шахси онҳо конкретар мегардад:
То баргашта омадани ман ҳамаатон аз ин ҷо начунбетон...
(С. Айнӣ, Ёддоштҳо). Ҳамаашон бегуноҳанд. Ҳамаашон ҳам ба касе зулм накардаанд (Р. Ҷалил, Шӯроб). Инро хонда ҳамаашро ба дафтарат кӯчон (С. Улуғзода, Субҳи ҷавонии мо). Ҳар кадомамон ба таъзим ва саломи ӯ азамат ва калониро аз даст надода, бо гӯшаи чашм ба ӯ нигоҳе кунем...
(С. Айнӣ, Ёддоштҳо). Баъд аз ним соат... тойҳои пахтаро баркашида, вазни ҳар кадомашро ҷудогона ба дафтар менавиштанд... (С. Айнӣ, Ёддоштҳо).

Ҷонишинҳои ҳар чӣ, ҳар чиз аз кулли предметҳо предмети алоҳидаро мефаҳмонанд. Ин ҷонишинҳо барои ҳамаи предметҳо (ғайр аз одамон) ба кор бурда мешаванд:
Баъд аз он аз ман ҳар чӣ мепурсида бошӣ, пурсидан гир (С. Айнӣ, Куллиёт). Ҳар он чӣ, ки ман дар поезд медидам ва мешунидам, бароям ҳама нав, ногаҳонӣ ва шавқовар буд (С. Улуғзода, Субҳи ҷавонии мо). Ҳар чизеро, ки ҷӯраҳо дуруст шуморанд, ман қабул дорам (С. Айнӣ, Куллиёт). Ҳар кӣ побанди иморат мешавад, ҳар чӣ дорад, ҷумла ғорат мешавад (Р. Ҷалил, Шикасти тилисмот).

Ҷонишини ҳар бо шумораҳои як, ду, се, чор, панҷ омада миқдори муайяни одамон ва предметҳоро нишон медиҳад:
Буттазор аз ҳар ду тараф ба бешаи начандон калон рафта мепайваст (Ф. Ниёзӣ, Вафо). Ҳар ду зан бо ёрмандии якдигар беморро ба рӯи бистар гузарониданд... (С. Айнӣ, Ёддоштҳо).

Ҷонишини ҳама, ҳар бо исмҳои гуна, хел, навъ омада, гуногунии предметҳоро далолат мекунад. Онҳо бо ҷонишинҳои шахсӣ ва бандакҷонишинҳо низ меоянд:
...колхозчиён аз ҳукумат ҳар гуна ёрмандиҳо гирифтанд...
(С. Айнӣ, Куллиёт). Дар бораи он ҳар хел гапҳо паҳн мешуд (С. Улуғзода, Навобод). Ин ҳолати пурасрор фикру хаёли Сафарро ба ҳар гуна андешаю мулоҳизаҳо бурда, чашму қавокҳои ӯ аз шиддати диққат ба дард меомад (Ф. Ниёзӣ, Вафо). Охир, дар он ҷо ҳар хелаш ҳаст (Р. Ҷалил, Шикасти тилисмот)... амир мехост, ки аз ҳама гуна қувваҳои моддӣ ва маънавии Кӯҳистон... фоида барад (С. Айнӣ, Куллиёт).

пешина
аз 457
навбатӣ