Забони адабии ҳозираи тоҷик (Қисми 1)

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши лексикология, фонетика ва морфологияи забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 457 саҳифа
- Ҷонишинҳои манфӣ
Ҷонишинҳои манфии ҳеҷ, ҳеҷ кӣ, ҳеҷ кас, ҳеҷ чӣ, ҳеҷ чиз, ҳеҷ кадом, ҳеҷ як, ҳеҷ гуна маънои умумии инкорӣ доранд:
Ӯ чизи дар дилаш бударо рӯирост мегуфт ва аз ҳеҷ кас ибо намекард (С. Айнӣ, Куллиёт). Ба назарам ҳеҷ чӣ наменамуд (Ҳ. Карим, Ҳикояҳо). Тамоми рӯз ман ғайр аз Раҳимҷон бо ҳеҷ кас ҳамгап нашудам ва аз ҳеҷ кас ҳеҷ чиз напурсидам (С. Улуғзода, Субҳи ҷавонии мо). Ҳеҷ овозе ба гӯшам нарасид (Ҷ. Икромӣ, Ман гунаҳгорам).
Шаклҳои таркибии ҷонишинҳои манфӣ аз ҷонишини ҳеҷ ва ҷонишинҳои саволии кӣ, чӣ, кадом, исмҳои кас, чиз, гуна, шумораи як сохта шудаанд.
Ҳеҷ яке аз он сифатҳоро мо дар ошнои деринаамон Мирзодиккак надида будем (С. Улуғзода, Субҳи ҷавонии мо). Дасти ҳеҷ кадоми инҳо тағма надошт... (С. Айнӣ, Куллиёт).
Ҷонишини ҳеҷ гуна ба набудани ягон аломати предмет далолат мекунад:
Ба хаёли ӯ, дили Пётр Степанович ҳеҷ гуна иллат надошт (Ф. Муҳаммадиев, Тири хокхӯрда). Ҳеҷ гуна гап ба гӯши командир намедаромад (Ҳ. Карим, Ҳикояҳо).
Ҷонишини ягон ва исмҳои касе ва чизе ба маънои ҷонишини манфӣ низ меоянд. Дар ин маврид хабари чунин ҷумлаҳо дар шакли инкорӣ меояд:
...Аҳмадмахдум... ягон чиз аз онҳо захира карда намегузошт (С. Айнӣ, Ёддоштҳо). Аммо дигар ягон чизе ва касе ба чашм наменамуд (Ф. Ниёзӣ, Вафо). Аммо бар хилофи чашмдошти онҳо падарам ба имом чизе нагуфт... (С. Айнӣ, Ёддоштҳо).
- Ҷонишинҳои номуайянӣ
Ба гурӯҳи ҷонишинҳои номуайянӣ калимаҳои зерин дохил мешаванд: баъзе, ким-кӣ, ким-чӣ, ким-кадом, фалон, фалонӣ, ягон, чандин, якчанд, ким-чӣ хел, ким-чӣ гуна, ким-чӣ тавр. Ин ҷонишинҳо ба мавҷудияти шахсону предметҳои номаълум ва ё сифати онҳо ишора мекунанд:
Баъзе талабаҳо ба сабаби дар зери ҳимояти ягон одами калон ё шогирди ягон муллои бонуфуз будан, ба воситаи онҳо ҳуҷраеро ба даст дароварда, чанд гоҳ аз дарбадарӣ халос мешуданд (С. Айнӣ, Ёддоштҳо). Нуралӣ ва Каримов баъд аз он ким-чӣ гуна мубоҳисае сар карданд... (С. Улуғзода, Навобод). Он чизе, ки ману Воронов чандин моҳ ин ҷониб ҷустуҷӯяш мекардем, ҳамин рӯз ёфт шуд (Ф. Муҳаммадиев, Тири хокхӯрда).
Ҷонишинҳои ким-кӣ, ким-чӣ, баъзе, ягон, ким-кадом, фалон,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё