Забони адабии ҳозираи тоҷик (Қисми 1)

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши лексикология, фонетика ва морфологияи забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 457 саҳифа
фалонӣ шахс ва предметҳои номуайянро далолат мекунанд. Ҷонишини ким-чӣ шахси номуайянро нишон медиҳад. Ҷонишинҳои боқимонда ҳам шахс ва ҳам предметҳои номуайянро далолат мекунанд:
Баъзе мунозирачиён ба домулло хитоб карда, шубҳаҳо баён мекарданд, баъзеҳо дар миёнаи худ мунозира сар мекарданд (С. Айнӣ, Ёддоштҳо). Дар деҳа овоза паҳн шуд, ки босмачиҳо фалониро дастгир кардаанд, фалониро тирборон кардаанд, фалониро бо шамшер зада куштаанд (С. Улуғзода, Субҳи ҷавонии мо). Муаллим, инро бинед, Собир бо сиёҳӣ ким-чӣ навиштааст (С. Улуғзода, Субҳи ҷавонии мо). Дар ягон вақти муносиб ман ӯро танбеҳ хоҳам дод (С. Айнӣ, Ёддоштҳо). Падарам... аз ким-кадом идора шаҳодатнома... гирифта омад (С. Улуғзода, Субҳи ҷавонии мо). Шабҳо дар ҳуҷраи кадом аз шарикдарсҳоям, ки рост ояд, мехобидам (С. Айнӣ, Ёддоштҳо).
Ҷонишини кадом бо шумораи як ҳамроҳ омада (кадом як), предмети алоҳидаи номуайянро далолат мекунад:
Ана, кадом як дарвозае ғиҷиррос зад (Ҷ. Икромӣ, Ман гунаҳгорам). Одил Саркор... бо кадом як андеша... гуфт (Ф. Ниёзӣ, Вафо).
Ҷонишинҳои номуайянии ким-кӣ, ким-чӣ, ким-чӣ гуна, ким-чӣ хел, ким-кадом, ким-чӣ тавр аз ҳиссаҷаи ким- ва ҷонишинҳои саволӣ сохта шудаанд.
Ҷонишинҳои ким-чӣ хел, ким-чӣ гуна, ким-чӣ тавр аломати номуайян ва тақрибии предметро далолат мекунанд: Баъзе бачагон ба ман ким-чӣ гуна хатҷаҳои русиро бароварда нишон дода... мегуфтанд (С. Улуғзода, Субҳи ҷавонии мо). Барои чӣ вай дар бораи ким-чӣ тавр як бахти дур, вале имконпазир ишора мекунад (Ҷ. Икромӣ, Ман гунаҳгорам).— Писарат ба ин ҷо ким-чӣ хел корд монда рафт... (С. Улуғзода, Субҳи ҷавонии мо).
Ҷонишинҳои якчанд, чандин, чанд миқдори номуайянии предметро нишон медиҳанд.
... ба чандин устоди забардаст чандин сол хизмат карда ин ҳунарро ба даст овардаам... (С. Айнӣ, Марги судхӯр). Дар рӯи сарой якчанд деги мисии калони якманиро шинонда пур-об карда меҷӯшонданд (С. Айнӣ, Ёддоштҳо). Дар даруни молхона якчанд нафар хобида буданд (С. Айнӣ, Куллиёт). Дар отрядхона ғайр аз командир ва чанд нафар навбатчиҳо ва саисҳо дигар ҳеҷ кас набуд (Ҳ. Карим, Ҳикояҳо).
- Ҷонишинҳои муштарак
Ба ин гурӯҳи ҷонишинҳо калимаҳои якдигар, ҳамдигар (ҳам) дохил мешаванд, ин ҷонишинҳо нишон медиҳанд, ки амал ба ду ҷиҳат равона шудааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё