Забони адабии ҳозираи тоҷик (Қисми 1)

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши лексикология, фонетика ва морфологияи забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 457 саҳифа
Ҳар ду ҳам якдигарро нағз шинохтанд (Ҳ. Карим, Ҳикояҳо). Аммо ба назари ман ҳар дуи ин озодӣ ҳам аз якдигарашон ширинтар менамуданд (С. Айнӣ, Асарҳои мунтахаб). Мо ба якдигарамон нигоҳ карда хомӯш менишастем, баъзе касон бо ҳам пичиррос мезаданд... (С. Улуғзода, Субҳи ҷавонии мо). ... Ҳамаи онҳо байни ҳамдигар... пайваст шуда буданд (Ф. Муҳаммадиев, Тири хокхӯрда).
ФЕЪЛ
ФЕЪЛ ҲАМЧУН ҲИССАИ НУТҚ
Феъл ҳиссаи мустақили нутқ буда, амал ва ҳолату вазъиятро ҳамчун амал мефаҳмонад ва дорои категорияҳои хоси худ мебошад. Масалан, чунин феълҳо амал, кору ҳаракатро ифода мекунанд: давидан, омадан, рафтан, хондан, кор кардан, навишта гирифтан ва м. ин.:
Як пирамарди тахминан 80-сола ба гирьяи занонаи падари Гулнор хандаи тамасхӯромезе карда гуфт... (С. Айнӣ, Дохунда). Духтарҳо ӯро дида, аз ҷо бархостанд (Ҷ. Икромӣ, Дувоздаҳ дарвозаи Бухоро).
Ифодаи ҳолат: истодан, хобидан, сукут кардан, пинак рафтан ва ғ.
Гулнор ҳам бо диққати тамом гӯш дод (С. Айнӣ, Дохунда). Ман ташна мондам, амакҷон, камтар об ёфта диҳед (Р. Ҷалил, Шӯроб).
Ифодаи вазъият ва тағйири аломат: сабзидан, доштан, дигар шудан ва ғ.
Ҳамаи ин гуфтугӯҳо ба Мирак сахт мерасид (Ҷ. Икромӣ, Дувоздаҳ дарвозаи Бухоро). Ин дара, чунон ки аз номаш маълум аст, аз назарҳо пинҳон буда, танҳо аз ду тарафаш: тарафи Сариҷӯй ва Боботоғи ду тангно намоён мешавад (С. Айнӣ, Дохунда). Ҳа, меҳмон — бародар, ҳодисаҳои пурасрор ба сари мо паси ҳам фаро мерасанд ва мо ёрои мулоҳиза кардани онҳо, сарфаҳм рафтани робитаи байни онҳоро надорем (Ф. Муҳаммадиев, Сози Мунаввар).
Ифодаи муносибат (ба касе ё чизе): дӯст доштан, иззат кардан, бад дидан ва ғ.
Ҳама ба ҳамин қарор розӣ шуданд (Ҷ. Икромӣ, Дувоздаҳ дарвозаи Бухоро). Сабаб ин буд, ки аз нигоҳҳои Арслоналӣ ба Дарья пай бурда монда, аз ӯ ранҷид ва рашкаш омад (Р. Ҷалил, Шӯроб). Гӯштин ба ҷавонон мезебад (Ф. Муҳаммадиев, Сози Мунаввар).
Амал, ҳолат, вазъият ва муносибат бо категорияҳои грамматикии феълҳои шахс, шумора, тарз, намуд, замон ва сиға алоқамандона ифода меёбад. Инчунин феълҳо дорои масдар, асос, шакли инкорӣ ва хусусиятҳои дигар мебошанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё