Забони адабии ҳозираи тоҷик (Қисми 1)

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши лексикология, фонетика ва морфологияи забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 457 саҳифа
Дувоздаҳ дарвозаи Бухоро). Тасаввур кунед, ки шуморо ба даруни як тобаи азими пур аз реги тафсон гузоштанд (А. Деҳотӣ, Куллиёт, ҷ. III).
- Феълҳо бо бандакҳои шахси якуми танҳо (баъзан), шахси дуюми танҳо (гоҳо бе бандак), шахси сеюми танҳо ва ҷамъ дар ҷумлаҳои бешахс ва умумишахс, дар зарбулмасалу мақолҳо ва ибораҳои устувор бисёр кор фармуда мешаванд, аммо маънии шахсу шумораи онҳо конкрет нест, балки умумӣ аст:
Дара задам — девор кафид. Ту дидӣ, ман надидам. Кор кунӣ — нон мехӯрӣ. Дер ояд — шер ояд.— «Гӯсола каҳдон холӣ мекунад, бача нондон», гуфтаанд... (С. Айнӣ, Доҳунда).— «Орзу ба ҷавонон айб нест» мегӯянд дар урфият (А. Деҳотӣ, Куллиёт, ҷ. III).
Тасрифот бо бандакҳои хабарӣ
Бандакҳои хабарӣ, ғайр аз шахси сеюми танҳо, бо бандакҳои шахсии феъл баробаранд. Бандаки хабарии шахси сеюми танҳо аст мебошад. Бандакҳои хабарӣ инҳоянд:
Танҳо — Ҷамъ
шахси якум -ам (-ям) — -ем
шахси дуюм -й — -ед
шахси сеюм -аст — -анд (-янд)
Бандакҳои хабарӣ аз ҷиҳати вазифаи грамматикӣ аз бандакҳои шахсии феъл фарқ доранд. Бандакҳои шахсии феъл фақат бо феълҳо (замони гузаштаи наздик, дур, ҳикоягӣ, замони ҳозира-оянда, замони оянда-фармоиш, аорист, ояндаи дур — таркибӣ) меоянд. Аммо доираи вазифаи грамматикии бандакҳои хабарӣ танҳо бо феъл маҳдуд намешавад: онҳо ҳам бо як гурӯҳ феълҳо омада, шакли тасрифии феълҳоро месозанд, ҳам бо ҳиссаҳои гуногуни номии нутқ омада, хабарҳои номиро сурат медиҳанд. Дар ҳар ду ҳолат ҳам шахсу шумораро мефаҳмонанд.
Аз феълҳо гурӯҳи феълҳои нақлӣ ва феъли замони ҳозираи давомдор бо ёрии «истодан» бо бандакҳои хабарӣ тасриф мешаванд. Дар тасрифи ин гуна феълҳо шаклҳои феълии ҳаст ва будан (буд, мебошад) ба вазифаи бандаки хабарӣ омада наметавонанд.
Тасрифи шакли нақлии феъли сохтан:
Танҳо — Ҷамъ
- ман сохтаам — мо (моён) сохтаем
- ту сохтай — шумо (шумоён) сохтаед
- вай (ӯ) сохтааст — онҳо сохтаанд

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё