Забони адабии ҳозираи тоҷик (Қисми 1)

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши лексикология, фонетика ва морфологияи забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 457 саҳифа
Тасрифи шакли нақлии гузаштаи ҳикоягӣ аз бофтан:
- ман мебофтаам
- ту мебофтаӣ
- вай (ӯ) мебофтааст
мо мебофтаем
шумо мебофтаед
онҳо мебофтаанд
Тасрифи шакли нақлии замони гузаштаи дур аз дидан:
- ман дида будаам
- ту дида будай
- вай (ӯ) дида будааст
мо дида будаем
шумо дида будаед
онҳо дида будаанд
Тасрифи шакли ҳозираи давомдор аз чидан:
- ман чида истодаам
- ту чида истодай
- вай (ӯ) чида истодааст
мо чида истодаем
шумо чида истодаед
онҳо чида истодаанд
Бандаки шахси дуюми ҷамъ -етон дар ин гурӯҳи феълҳо нисбат ба гурӯҳи феълҳое, ки бо бандакҳои шахсии феъл тасриф мешаванд, камистеъмолтар аст.
Хабарҳои номӣ (исм, сифат, шумора, ҷонишин, зарф) ва феълҳои хоҳишмандии аз сифати феълии замони оянда сохта мешудагӣ ҳам одатан бандакҳои хабарӣ қабул карда, ба таври грамматикӣ сурат меёбанд. Ба ин маънӣ хабарҳои номӣ ҳам тасриф мешаванд. Масалан:
Тасрифи исми омӯзгор ва сифати хушнуд:
Танҳо
- ман омӯзгорам,
хушнудам - ту омӯзгорӣ,
хушнудӣ - вай омӯзгор аст,
хушнуд аст
Ҷамъ
мо омӯзгорем,
хушнудем
шумо омӯзгоред,
хушнудед
онҳо омӯзгоранд,
хушнуданд
Тасрифи феъли хоҳишмандии аз сифати феълии замони оянда гирифташуда:
- ман рафтаниам (ям)
- ту рафтаний
- вай (ӯ) рафтанӣ аст (яст)
мо рафтанием
шумо рафтаниед
онҳо рафтанианд (янд)
Ҳамаи ин тип феълҳои хоҳишмандӣ ва хабарҳои номӣ аз рӯи ҳамин қоида тасриф меёбанд ва сурат мегиранд. Чунончи:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё