Зеҳн
Забони адабии ҳозираи тоҷик (Қисми 1)

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши лексикология, фонетика ва морфологияи забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 457 саҳифа

ТаҳсилотМаориф
Аз аввал хондан

Шумо як ғиждувонии бисёр нотарсед (С. Айнӣ, Марги судхӯр). Ман як озмоиш карданиам, — гуфт ба ҳар дуи онон саркори — ... ҳамаи колхозчиҳо бошанд, зану мард ба сохтмон рафтанианд (Ҳ. Карим, Оқшуда).

Рӯҳам аз барқ бувад, пайкарам аз пӯлод аст,
Ҳокимам, муқтадирам, кишвари ман обод аст,
Олимам, пурҳунарам, миллати ман озод аст,
Кӯҳаму ҳамлаи душман ба танам чун бод аст.
(А. Лоҳутӣ, Куллиёт, ҷ. 2)

Бандаки хабарии шахси сеюми танҳо аст ҳам дар феълҳо ва ҳам дар хабарҳои номии бо садонок хотимаёфта ба шакли -ст ихтисор мешавад, яъне аз аввали он овози а меафтад. Дар ин сурат ҷое ки аст ба шакли пурра аз калима ҷудо навишта мешуд, ба шакли ихтисор бо калима якҷоя навишта мешавад: рафтааст — рафтаст, мехондааст — мехондаст, омада истодааст — омада истодаст ва ғ.; мо аст — мост, ӯ аст — ӯст, кӣ аст — кист, чӣ аст — чист, ҳаво аст — ҳавост, Бухоро аст — Бухорост ва м. ин.:

— Ту кистӣ ва аз куҷо меоӣ? — духтар пурсид. — Номат чист? (С. Айнӣ, Дохунда). Дар паҳлуи чашмаи ба номи Носири Хусрав пайдо шудани дӯкони китоб рамзи хубест... (А. Деҳотӣ, Кул., ҷ. III). Ҷавонӣ — далерист (Ҳ. Карим, Оқшу-да). Ҳушёр бошед, душман ҳуҷум карданист, тиратон хок нахӯрад (Ҳ. Карим, Оқшуда).

Халқи ман роҳаш накӯст,
Оқил аст ӯ, сулҳдӯст.
(А. Лоҳутӣ, Куллиёт, ҷ. 2)

Истеъмоли бандакҳои хабарӣ бо хабарҳои номӣ дорои ду хусусияти хос мебошад, ки он дар истеъмоли бандакҳои шахсии феъл ва умуман дар феълҳои тасрифшаванда маъмул нест.

Хусусияти якум ин ки хабарҳои номӣ дар нутқ, дар ҷумла (насру назм) бе бандакҳои хабарӣ ҳам омада метавонанд, яъне ҳамеша бо бандакҳои хабарӣ сурат ёфтанашон шарт нест. Ба ин вазъият баъзан дар охири хабари номӣ омадани ҳиссаҷа низ сабаб мешавад. М и с о л ҳ о:

Мактуб аз ҷонишини командири полк, хонда имзо мекардед ва ана ин хатча ҳам махсус ба шумо (Ф. Ниёзӣ, Вафо). — Оҳо, — гуфт ӯро шинохта вай, — ин Муқимбой-ку! (Ҷ. Икромӣ, Шодӣ). — Чӣ механдӣ, ин ҷо ҷои масхарабозӣ-ми? (Ф. Ниёзӣ, Вафо). Бибифазилат — зани миёнсол, чаққон, ҷобук (Ҳ. Карим, Оқшуда).

пешина
аз 457
навбатӣ