Зеҳн
Забони адабии ҳозираи тоҷик (Қисми 1)

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши лексикология, фонетика ва морфологияи забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 457 саҳифа

МаорифТаҳсилот
Аз аввал хондан

Феъли хоҳишмандии аз сифати феълӣ гирифташуда низ бе бандаки хабарӣ истеъмол меёбад:
Ман диданиям — ман диданӣ, мо диданием — мо диданӣ...

Мо диёри хешро бисёр зебо кардани,
Даста-даста гул зи гулзори саодат чиданӣ.
(М. Турсунзода, Куллиёт)

Хусусияти дуюм ин, ки бандакҳои хабарӣ аз феъли ҳаст ва будан ба худ муродиф доранд ва ба ҷои ҳамдигар омадани онҳо қоидаи маъмулист.

Истеъмоли феъли ҳаст ва будан ба вазифаи бандаки хабарӣ

Феъли ҳаст дар як маврид мустақил буда, мавҷудият ё доро буданро мефаҳмонад ва бо бандаки хабарӣ иваз намешавад. Вай масдар надорад, танҳо дорои шакли замони ҳозира мебошад. Шакли шахси сеюми танҳо асоси тасрифи шахсу шумораи он шудааст. Масалан:

Танҳо
Ҷамъ

  1. ман ҳастам
    мо ҳастем
  2. ту ҳастӣ
    шумо (шумоён) ҳастед (етон)
  3. вай (ӯ) ҳаст
    онҳо ҳастанд

М и с о л ҳ о: Дар ҳамин қишлоқи мо як сир ҳаст, ки донистани он барои шумо даркор ва зарур аст (Р. Ҷалил, Одамони ҷовид). Монанди чашмаи Сариқалъа боз дар чандин ҷои деҳа чашмаҳои хурду калон ҳастанд (С. Улуғзода, Субҳи ҷавонии мо). Дар ҳавлии ман чордаҳ нафар хӯранда ҳаст (Р. Ҷалил, Шӯроб).

Феъли ҳаст дар нутқи даҳанакӣ ва хаттӣ ҳамчун бандаки хабарӣ низ кор фармуда мешавад. Аммо шакли шахси сеюми танҳои ин феъл (ҳаст) чун бандаки хабарӣ истеъмол намеёбад. Дар шахси сеюми танҳо ҳамеша бандаки аст меояд. Тасрифи ин тарзи ифода танҳо бо хабари номӣ воқеъ мегардад. Чунончи:

Танҳо

  1. ман коргар ҳастам — коргарам
  2. ту коргар ҳастӣ — коргарӣ
  3. вай (ӯ) коргар аст
пешина
аз 457
навбатӣ