Зеҳн
Забони адабии ҳозираи тоҷик (Қисми 1)

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши лексикология, фонетика ва морфологияи забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 457 саҳифа

МаорифТаҳсилот
Аз аввал хондан

Ҷамъ

  1. мо коргар ҳастем — коргарем 2. шумо коргар ҳастед — коргаред 3. онҳо коргар ҳастанд — коргаранд М и с о л ҳ о: Биё, ман ошиқи туям, ту нозанини ман ҳастӣ. — Ҳаминро аз хотират набарор, ки мо падару модари ту ҳастем (Ҳ. Карим, Оқшуда). Аммо ин барои хотирҷамъ шудан асос шуда наметавонад, акои Олим. Боз, хусусан ки колхози шумо — колхози таърифӣ, худатон раиси номдори мо ҳастед (Ф. Ниёзӣ, Вафо).

Тасрифи феъли хоҳишмандии типи зерин аз рӯи ҳамин қоида воқеъ мешавад. Чунончи:

Танҳо

  1. ман хондани ҳастам — хонданиам (ям)
  2. ту хондани ҳастӣ — хонданий
  3. вай (ӯ) хондани аст — хонданист

Ҷамъ

  1. мо хондани ҳастем — хонданием
  2. шумо хондани ҳастед — хонданиед
  3. онҳо хондани ҳастанд — хонданианд (янд)

М и с о л ҳ о: Ман дар ҳамон замин таҷриба карда диданӣ ҳастам, ки ҳамин тухми нав чӣ қадар ҳосил медиҳад. — Писарам, ба кадом мактаб рафтанӣ ҳастӣ? — Ман гуфтанӣ ҳастам, ки мову шумо... содиқ ва собитқадам ҳастем (Ҳ. Карим, Оқшуда).

Дар наср феъли ҳаст ба вазифаи бандаки хабарӣ одатан ба шакли пурраи тасрифӣ навишта шуда (ғайр аз шахси 3-юми танҳо), дар талаффуз бештар ба шакли мухтасари тасрифӣ бо хабари номии бо ҳамсадо тамомшуда васл меёбад:

Аввалин сухани вай ҳамин, ки мо мардуми майдони меҳнат такягоҳи боэътимод ва манбаи зӯру иқтидори лашкари сурх ҳастем... (Ф. Ниёзӣ, Вафо).

Ин ҷо ҳастем бо афтидани ҳ астем талаффуз мешавад, аммо агар хабари номӣ бо садонок тамом шуда бошад, аксар дар талаффуз ҳам шакли пурраи тасрифии он нигоҳ дошта мешавад:

Гапат ҳақ аст-куя, Мамараҷаб, писарам, ...аммо бештарини онҳо касоне ҳастанд, ки военкомат аз фронт дида дар саҳро мондани онҳоро фоиданоктар шуморидааст (Ф. Ниёзӣ, Вафо).

Ин ду тарзи истеъмоли ҳаст дар назм ба талаботи вазну
оҳанг мувофиқат карда, аз рӯи талаффуз гоҳ ба шакли пурра,

пешина
аз 457
навбатӣ