Забони адабии ҳозираи тоҷик (Қисми 1)

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши лексикология, фонетика ва морфологияи забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 457 саҳифа
гоҳе мухтасар меояд. Шакли мухтасари он дар ифодаи маънию адои вазифа бо шакли пуррааш баробар аст:
Ту озод астию ман зинда бо ту,
Азизӣ мисли ҷонам, Тоҷикистон!
(А. Деҳотӣ, Ас. мунтахаб)
Ҳар чӣ бошад, бузург рӯд астӣ,
Ҳиссаи баҳри беҳудуд астӣ.
(М. Турсунзода, Рӯди Ганг)
Феъли будан ҳам, ғайр аз вазифаи мустақили феълӣ ва модалии худ, ба шакли замонҳои гузашта, ҳозира-оянда ва аорист (оянда) ба вазифаи бандаки хабарӣ низ кор фармуда мешавад. Шаклҳои аз будан ҳосилшуда шахсу шумора ва замонро ҳам ифода мекунанд.
Тасрифи қиёсии хабари номӣ бо феъли ҳаст, шакли ҳозира-ояндаи будан ва бандакҳои хабарӣ чунин аст:
Танҳо
- ман хурсанд ҳастам — хурсанд мебошам — хурсандам
- ту хурсанд ҳастӣ — хурсанд мебошӣ — хурсандӣ
- вай (ӯ) хурсанд аст — хурсанд мебошад — хурсанд аст
Ҷамъ
- мо хурсанд ҳастем — хурсанд мебошем — хурсандем
- шумо хурсанд ҳастед — хурсанд мебошед — хурсандед
- онҳо хурсанд ҳастанд — хурсанд мебошанд — хурсанданд
Дар мисолҳои зерин ба се шакли замонӣ ба вазифаи бандаки хабарӣ омадани феъли будан дида мешавад:
Дар хонаи Назаров сӯҳбат гарм буд (Р. Ҷалил, Шӯроб). Дар ин қишлоқ аввалин касе, ки аъзои партия буд, Шодӣ буд (Ҷ. Икромӣ, Шодӣ). Дар воқеъ, Қодирҷон ҳофизи хушовоз ҳам мебошад (Ф. Муҳаммадиев, Сози Мунаввар). Аэроплан чӣ хел парранда бошад? (С. Улуғзода, Субҳи ҷавонии мо).
Шакли кӯҳнаи бувад (аз феъли будан) дар назми ҳозираи тоҷик низ ҳамчун дар забони адабии пешина бо бандаки хабарии аст, инчунин ба ҳамин маъно ба шаклҳои феълии бошад ва мебошад (шахси 3-юми танҳо) ҳамвазифа ҳисоб меёбад. Чунончи:
Тавоно бувад, ҳар кӣ доно бувад,
Ба дониш дили пир барно бувад.
(А. Фирдавсӣ, Шоҳнома)

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ