Зеҳн
Забони адабии ҳозираи тоҷик (Қисми 1)

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши лексикология, фонетика ва морфологияи забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 457 саҳифа

МаорифТаҳсилот
Аз аввал хондан

Шунидам, ким-куҷо андар биёбон
Бувад «Қишлоқи тиллой» намоён.
(М. Миршакар, Қишлоқи тиллой)

Қиссаи Ҳайдари адолатхоҳ,
Ки бувад аз ҷаҳони нав огоҳ...
Ҳама ҷоро фаро гирифт имрӯз,
Ҳама буданд дар шигифт имрӯз.
(Б. Раҳимзода, Қиссаи кӯҳсор)

Ба ҳамин тариқ, феъли ҳаст, шакли ҳозира-ояндаи феъли будан (мебошам...), аористи он (бошам...) ва шакли архаистии бувад дар мавриди худ ҳамчун муродиф ба вазифаи бандакҳои хабарӣ омада, ҷои ҳамдигарро ишғол карда метавонанд. Аммо замони гузаштаи феъли будан (будам...) дар мавридаш вазифаи бандаки хабариро адо кунад ҳам, бо бандакҳои хабарӣ пурра муродиф нест ва аз ин рӯ бандакҳои хабарӣ ҷои онро гирифта наметавонанд. Замони гузаштаи будан бештар ҳолати хабарии худро зоҳир мекунад.

ФЕЪЛҲОИ МУСТАҚИЛ ВА ЁРИДИҲАНДА

Дар назари аввал кулли феълҳои забони тоҷикӣ ҳамчун феълҳои мустақил тасаввур мешаванд. Аммо дар ҳақиқат мустақилии қисми феълҳо мафҳуми мутлақ ва қисми дигараш мафҳуми нисбӣ дорад. Аз ин ҷиҳат феъле, ки одатан ба вазифаи грамматикӣ ба шакли мустақил истеъмол меёбад, мумкин аст, ки дар навбати худ дар таркибҳои гуногуни феълӣ ҳамчун феъли ёридиҳанда кор фармуда шавад. Баръакс, феъле, ки одатан дар ташкили таркибҳои феълӣ ҳамчун ёридиҳанда меояд, мумкин аст дар мавриди дигар ҳамчун феъли мустақил омада бошад. Ба ин маъно феълҳо аз рӯи вазифаи грамматикӣ, тарзи истеъмол ва табиати маъноиашон ба ду гурӯҳи калон ҷудо мешаванд: мустақил ва ёридиҳанда.

Феълҳое, ки вазифаи грамматикӣ ва маъноиашон дар ҷумла бевосита, бе ёрии ҳиссаҳои дигар, анҷом меёбад, феълҳои мустақил номида мешаванд, масалан: андохтан, баромадан, ваҳмидан, газидан, гирифтан, даромадан, додан, ёфтан, кандан, лесидан, мондан, солидан, нолидан, оростан, пухтан, рафтан, рӯидан, сохтан, сӯхтан, тафсидан, фаҳмондан, хӯрдан, часпидан, шоридан ва ғайра.

Албатта, маърӯзаи ӯро мешунавем ва чораи корашро меандешем (Ҷ. Икромӣ, Дувоздаҳ дарвозаи Бухоро). Ҷавонмарди дасту по гумкарда аз куҷо медонист, ки бача... об мепурсид (Ф. Муҳаммадиев, Сози Мунаввар). Ин вақт ба гӯшаш

пешина
аз 457
навбатӣ