Забони адабии ҳозираи тоҷик (Қисми 1)

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши лексикология, фонетика ва морфологияи забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 457 саҳифа
бурдааст. Муаллиф барои таснифи «Баҳори Аҷам» зиёда аз 20 сол кор кардааст.
«Баҳори Аҷам» сарчашмаи хеле бой ва муҳими лексикографӣ мебошад. Шарҳи калимаву ибораҳо муфассал ва дар савияи илми онвақта иҷро шудааст.
Барои мисол мо ду воҳиди луғавӣ — ибораи фразеологиро, ки дар боби «Чароғи ҳидоят» нишон дода будем, меоварем, то ки хусусиятҳои асосии «Баҳори Аҷам» — муфассалӣ, равшанӣ, муайянӣ ва асоснокии эзоҳоти он аён гардад:
Рӯбоҳ дар тала дорад — яъне шахси муҳилеро (яъне ҳилагарро) ба доми худ кашидааст ва ин аз забондонон ба таҳқиқ пайваста.
Косаи гармтар аз ош — ин масал дар ҷое гӯянд, ки шахсе, ки барои итмоми кори ғайре гармтар аз соҳиби муомила бошад ва дар нусхаи Мухлисӣ киноя аз амри маҳол, чӣ агар ошро дар коса кунанд, косаро гарм метавонад кард на гармтар аз ош, аммо гармтар будани коса аз ош хилофи воқеъ.
Зуҳурӣ:
Бар сари хони васли маҳрӯён,
Коса аз ош гармтар моем.
Мирзо Тоҳири Ваҳид дар таърифи таббоҳ:
Ба ишқаш маро сӯхт дил аз талош,
Бувад гармтар косаи ман зи ош.
Муҳсини Таъсир:
Кунад аз оташи чашмаш сиришки дида ҳазар,
Надидааст касе коса гармтар аз ош.
«Баҳори Аҷам» дар Ҳиндустон ду бор (солҳои 1879 ва 1894) дар ду ҷилд бо воситаи чопи сангӣ интишор шудааст.
Шарҳ ва ҳошияҳо
Баробари тартиб додани луғатҳо навиштани китобҳои
шарҳ низ ривоҷ меёбад. Инчунин дар асарҳо ҳошияҳо —
эзоҳи ҷойҳои мушкил навишта мешуданд. Шарҳ ва ҳошияҳо
асосан барои асарҳои назм тартиб дода мешуданд: асари
назм ҳар қадар машҳуртар ва забонаш душвортар бошад,
барои фаҳмондани ҷойҳои мушкил ҳамон қадар зиёдтар шарҳ
ва ҳошияҳо навишта мешуданд. Шарҳҳои бисёре ба асарҳои алоҳидаи «Хамса»-и Низомӣ, хусусан ба «Искандарнома», «Бӯстон» ва «Гулистон»-и Саъдӣ ҳамин тавр ба вуҷуд
омадаанд. Барои фаҳмондани ҷойҳои мушкили асарҳои Хоқонӣ,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё