Забони адабии ҳозираи тоҷик (Қисми 1)

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши лексикология, фонетика ва морфологияи забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 457 саҳифа
Анварӣ, Бадри Чоҷӣ, Урфӣ ва дигар шоирони мушкилнавис шарҳ ва ҳошияҳои бисёре навишта шудаанд.
Шарҳ ва ҳошияҳо ба таври гуногун навишта мешуданд. Мушкилии забони асарҳо аз тарафи шарҳдиҳандаҳо мувофиқи савияи дониш ва фазилати онҳо тафсир меёфтанд. Аз ин рӯ, дар эзоҳи мушкилоти забони асарҳо, ки дар ҳошияи онҳо оварда шудаанд, тафовути зиёде мушоҳида мешавад.
Бинобар ин танҳо он шарҳ ва ҳошияҳое, ки аз тарафи олимони барҷастаи забон, луғат ва адабиётшинос навишта шудаанд, аҳамияти калон доранд. Масалан, машҳуртарин ва мӯътабартарин шарҳҳои «Искандарнома»-и Низомӣ шарҳи Муҳаммад Ғиёсиддин (муаллифи «Ғиёс-ул-луғат») мебошад. Мӯътабартарин шарҳи «Гулистон»-и Саъдӣ низ аз тарафи Муҳаммад Ғиёсиддин эҷод шудааст ва бо номи «Баҳори борон — шарҳи Гулистон» баъд аз таълифи шарҳи «Искандарнома» ва шарҳи қасоиди Бадри Чоҷӣ ва тартиб додани «Ғиёс-ул-луғат» шурӯъ намуда, илму дониши ҷамъкардаи худро дар ин шарҳ фароҳам овардааст. Дар шарҳ ҳам ҷамъбасти беҳтарин шарҳҳои гузашта ва ҳам хулосаҳои ҷолиби худи Муҳаммад Ғиёсиддин диққати хонандаи имрӯзаро ҷалб мекунанд. Барои мисол аз матни «Баҳори борон — шарҳи Гулистон» меорем:
«Қавлуҳу (яъне сухани Саъдӣ):
Аз лавозими сӯҳбат яке он аст, ки бо хона напардозӣ, то бо хонахудо дарсозӣ.
Шарҳ: напардозӣ аз пардохтан, ки ба маънии машғул шудан аст ва дарсозӣ аз дарсохтан аст, ки ба маънии мувофиқат кардан аст. Хонахудо ба маънии худованди хона, яъне вақте ки ба мулоқоти касе ба хонааш дарой, ба сақф ва девор ва фарш ва зуруф ва ғайруҳу нигоҳ накунӣ ва ҷуз ба соҳиби хона мутаваҷҷеҳ ба дигаре набудӣ, то ба худованди хона мувофиқат кунӣ ва ризои ӯ ҳосил намой».
Асари якҷояи олимони Калкутта «Мунтахаб-уш-шурӯх», ки ҳамаи шарҳҳои пештараро ҷамъбаст менамояд, аз асарҳои барҷаста аст.
Шарҳ ва ҳошияҳо ҳанӯз объекти таҳқиқот ва омӯзиш нашудаанд. Тадқиқи ҷиҳатҳои гуногуни онҳо барои филологияи тоҷик муфид аст.
ЛЕКСИКОГРАФИЯИ СОВЕТИИ ТОҶИК
То давраи советӣ забони форсии Эрон ва ҳам забони тоҷикони Осиёи Миёна бо номи «забони форсӣ» шӯҳрат дошт. Агарчи дар фарҳангҳо баъзе хусусиятҳои лексикӣ ва талаффузии тоҷикон («ба забони Мавароуннаҳрӣ») зикр мешуд, аммо номи «тоҷик» ё «тоҷикӣ» дар истеъмол набуд. Дар асрҳои

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё