Забони адабии ҳозираи тоҷик (Қисми 1)

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши лексикология, фонетика ва морфологияи забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 457 саҳифа
X—XII ин ном фақат барои ишорат ба халқи ғайри араб ва турк, ки онҳо форсизабон ё ин ки «даризабон» буданд, дар адабиёти манзум ва мансур маълум буд. Забон бошад, фақат «форсӣ», «форсии дарӣ» ё «дарӣ» номида мешуд. Калимаи «тоҷик» барои ифодаи забони дарӣ кор фармуда намешуд.
Бо ҳамин роҳ лексикографияи алоҳида бо унвони тоҷикӣ то давраи советӣ вуҷуд надошт. Тамоми фарҳангҳои тореволюсионӣ барои забони форсии Эрон, забони форсию тоҷикии Мовароуннаҳр ва форсии Ҳиндустон умумӣ буданд.
ФАКАТ дар давраи советӣ, баробари ташкил шудани Республикаи Советии Социалистии Тоҷикистон забон ба номи халқ мувофиқат пайдо кард ва хусусияти забони тоҷикӣ дар лексикографияи давраи советӣ ба таври намоён инъикос гардид. Бо ҳамин восита лексикографияи советии тоҷик, ки бо лексикографияи тореволюционӣ алоқаи зич дорад ба марҳалаи нав даромад.
Дар давраи советӣ дар Тоҷикистон луғатҳои зиёде тартиб дода шудаанд. Луғатҳои тоҷикӣ-русӣ, русӣ-тоҷикӣ, луғатҳои терминологияи соҳавӣ, луғатҳои тафсирии тоҷикӣ қобили қайд аст.
«Луғати русӣ-тоҷикӣ». Дар зери таҳрири А. П. Деҳотӣ ва Н. Н. Ершов, Москва, с. 1949.
Тартиб додани луғат барои республика бисёр зарур буд.
Ҳанӯз солҳои 1933—34 луғати русӣ-тоҷикии дуҷилда аз чоп баромад, ки таҷрибаи аввалин дар соҳаи лексикографияи дузабона мебошад. Бо вуҷуди бисёр ҷиҳати мусбати ин луғат дар он камбудиҳо низ дида мешаванд. Аз луғати тафсирии В. И. Даль калимаҳое гирифта шуда буданд, ки дар забони ҳозираи рус кӯҳнашуда ва ё камистеъмоланд, ҳамчунин дар луғат бисёр калимаҳои шевагӣ дида мешуд.
Илова бар ин миқдори зиёди калимаҳои серистеъмол, фразеология, идиомаҳо ба луғат дохил нагардидаанд. Луғат мисол надошт. Ин аст, ки луғати мазкур ба талаботи имрӯза пурра ҷавоб дода наметавонист.
Дар луғати нав таҷрибаи луғати пештараи русӣ-тоҷикӣ ба ҳисоб гирифта шуд. Дар он калимаҳои русӣ аз луғати чорҷилдаи тафсирии русии таҳрири профессор Д. Н. Ушаков гирифта шуданд, ки он лексикаи забони ҳозираи русро ба хубӣ акс мекунад. Луғати мазкур 45000 калима ва ибораҳоро дар бар мегирад. Ба тафсири калимаҳо фразеология, идиома ва мисолҳо ҳамроҳ карда шудаанд.
«Луғати русӣ-тоҷикӣ» лексикаи серистеъмоли забони ҳозираи русро дар бар мегирад. Маълум аст, ки бисёр калимаҳои русӣ ва интернатсионалӣ, ки мафҳуми навро ифода
мекунанд ва дар забони тоҷикӣ мавҷуд набуданд, ба шакли
русӣ ба воситаи забони русӣ қабул шудаанд. Бештари ин калимаҳоро

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё