Зеҳн
Забони адабии ҳозираи тоҷик (Қисми 1)

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши лексикология, фонетика ва морфологияи забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 457 саҳифа

МаорифТаҳсилот
Аз аввал хондан

терминҳои илм ва техника ташкил медиҳанд. Барои маънидоди терминҳо дар қавс эзоҳи мухтасари маънои онҳо оварда мешавад. Дар луғат бисёр фразеологизмҳо ва идиомаҳои русӣ бо тарҷимаи онҳо дода шудаанд. Дар мавриди муайян барои ифодаи маънои калимаҳои русӣ калимаҳои нави сохта ва мураккаб оварда шудаанд, масалан, ба воситаи — шавӣ, кунӣ, барорӣ ва ғ. Хулоса, тартибдиҳандагони луғат ба таври бояду шояд аз воситаҳои бои забони тоҷикӣ истифода бурдаанд, то ки мафҳумҳои забони русӣ фаҳмо бошанд.

«Луғати русӣ-тоҷикӣ» дар ҳаёти мадании республика хизмати басо калон аст.

«Луғати тоҷикӣ-русӣ». Дар зери таҳрири М. Раҳимӣ ва Л. П. Успенская, Москва, с. 1954.

Луғат 40 ҳазор калима ва ибораҳои забони миллии тоҷикро дар бар мегирад. Дар он баъзе калима ва терминҳое, ки барои адабиёти классикии тореволюционӣ тоҷик хос буданд ва дар забони адабии ҳозира ба дигар маъно кор фармуда мешаванд, дохил карда шудааст. Лексика ва фразеология дар асоси картотекаи адабиёти советии тоҷик ва матбуоти он, инчунин китобҳои дарсӣ тартиб дода шудааст. Асоси онро картотекаи лексикаи адабиёти бадеии тоҷик — асарҳои Садриддин Айнӣ, Мирзо Турсунзода, Мирсаид Миршакар, Муҳаммадҷон Раҳимӣ, Абдусалом Деҳотӣ, Ҷалол Икромӣ, Сотим Улуғзода, Раҳим Ҷалил ва нависандагони дигар ташкил додааст. Ҳамчунин лексикаи иҷтимоӣ-сиёсӣ ба таври бояду шояд акс ёфтааст. Тартибдиҳандагони номбурдаи луғат ба лексикаи ихтисосӣ ва терминологияи илмӣ низ аҳамият додаанд. Дар луғат терминҳои зиёда аз 50 соҳаи илм ва техника дохил шудааст, ки аксари онҳо фақат дар давраи советӣ дар забони тоҷикӣ пайдо шудаанд. Қисми асосии терминологияро терминҳои интернатсионалӣ ташкил медиҳанд. Лексикаи жанрҳои гуногуни адабиёти бадей, иҷтимоӣ-сиёсӣ, ихтисосӣ, лексикаи гуфтугӯӣ ва шевагӣ захираи калимаҳову ибораҳои луғатпо хеле бой кардаанд.

Қисмҳои номбурдаи лексика боигарии захираи луғавии забони ҳозираи тоҷикро нишон медиҳанд. Дар он ҳам фонди асосии луғавӣ, ки аз қадим боз дар забон мавҷуд аст, аз ҷумла ҳам лексикаи кӯҳнашуда ва ҳам лексикаи тамоман нав — терминҳои илму техника мавҷуданд.

Ғайр аз терминҳои интернатсионалӣ бисёр терминҳо бо роҳи истифодаи калимаҳои интернатсионалӣ ва аслӣ дар асоси калимасозии тоҷикӣ ба амал омадаанд, онҳо дар луғат мавқеи муайян доранд. Масалан, витаминдор, вегетативӣ, вегетационӣ, волейболбоз, волейболбозӣ, футболбоз, романнавис ва ғ. Бисёр терминҳо аз калимаҳои аслӣ ташкил шудаанд. Чунончи, маҳсулнокӣ, маҳсулнок, маҳсулдиҳӣ, маҳсулотбарорӣ, маҳсулоттайёркунӣ ва монандӣ инҳо.

пешина
аз 457
навбатӣ